Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
кабк, гунҷишкчаҳои хуштокиро низ бо маҳорат бечар-ху беолотҳои зарурии кулодӣ сохта метавонанд.
Ҳар косае, ки сохт, надонам маро шикаст,
Гарданда осмон, ки чу чархи кулол гашт.
(Ҳ. Деҳлавӣ).
Рангҳои кулолӣ бештар оксиди металлҳо мебо-шанд. Чунончӣ, ҳангоми сӯхтани қурғошими сиёҳ хокаи зарди баланд ҳосил мегардад. Ҳангоми бо ги-ли шишагӣ омехта кардан ва пухтани он дар хумдон сири зарф ҳосил мешавад. Ранги сабз ҳангоми сӯхта хокистар гардидани мис ҳосил мегардад. Кулолон ярғуҷок ном воситае доранд, ки дар он ранг тайёр карда мешавад.
Хумдон воситаест, ки андаруни он зарфҳо пухта мешавад. Ҳарорати хумдон бештар аз 800-1000 дараҷа аст. Оташдони хумдон — гулахн, даҳони гул-хан, тур — дохили хумдон, даҳони арақ — қисми бо-лоии хумдон, мӯҳрини тӯр — сурохии дохили хум-дон, ки оташ алангҷ мезанад, рафи хумдон — ҷое, ки дар он зарфро мечинанд.
Дар деҳаи Қаротоғ кулолҳои шинохта — Усто Бо-бошариф, Усто Бобосаид, Усто Бобомуқим, Усто Бо-боҳалим, Усто Соҳибназар, Усто Абдурозиқҳо бу-данд. Дар айни замон кулолҳои ҷавон, ки бобою па-даронашон ин касбро пеша кардаанд. Остони Саид, Хисрави Розиқ, Ҳакими Муқим ва Кароматуллои Розиқ ҳунари дастони худро байни мардуми деҳа на-моиш медиҳанд.
Кулолгарӣ яке аз санъатҳои халқии ҳунармандӣ-ни деҳаи бостонии Қаротоғ аст. Маҳсули дастони ку-лолон дар ҳар як кулбаи мардуми имрӯзан деҳоти Қаротоғ ҷон худро дорад.
ОҲАНГАРӢ
Касби оҳангарӣ яке аз маъмултарин касбҳои ҳу-нармандони деҳа аст. Дар Қаротоғ то солҳои сиюм бештар аз 32 дӯкони оҳангарӣ мавҷуд буд. Дӯкони оҳангарӣ бо кура (оташдон), дами оҳангарӣ, сандон, хояск, анбур, болга, путк, гиро, чарх, қалами оҳангарӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё