Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

закотдиҳиро рад карда, яке аз амлокдорони бераҳму ҳариси амир Абдураҳмон — мироҳурро дошта заданд (9, саҳ. 214).

КУЛОЛГАРӢ

Яке аз пешаҳои ҳунармандони Қаротоғ кулолгарист. Қаротоғиҳо асрҳои аср ба ин касб машғуланд. Инро ёфт шудани маснуоти сафолин аз чуқуриҳои зери хок дарак медиҳад.

Кулолгарӣ дар ибтидои асри XIX ва аввали асри XX бештар тараққӣ кард. Дӯконҳои кулолгарӣ бо хумдон, чарх, тавонча, пештахтаи лоймолӣ, гундак, қачқорд ва дигар олотҳо таҷҳизонида шудаанд.

Кулолони қаротоғӣ хоки кабудро аз гузари Сурхӣ ва хоки сафедро аз гузари худашон мегирифтанд. Хок ба воситаи хару каҷова оварда мешуд. Барои тайёр кардани лой ду каҷова хоки кабуд, ду каҷова хоки сафед оварда онро дар лойхона мерезанд. Ба лойхона об сар медиҳанд, то ки хок ба лой табдил ёбад. Лой дар лойхона 3—4 соат ва аз ин зиёдтар меистад. Лойро омехта мекунанд. Лойи дар лойхона тайёр шударо ба дӯкон дароварда латтапеч менамоянд, то ки хушк нашавад. Баъд ба лой баргҳои гиёҳи луҳ партофта, онро мекубанд. Ҳангоми обро ба худ кашидани луҳ вай аз худ нахҳои риштамонанд ҷудо мекунад. Агар луҳ ёфт нашавад, ба ҷои он кулолгарон аз чармгарон мӯй мехаранд. Мӯйро бо лой омехта савачӯб мезананд. Лойро дар давоми як соат ду маротиба сум мекунанд. Вақте ки лой тайёр шуд, боз онро латтапеч менамоянд ва он як шабонарӯз меистад. Баъд аз он шогирди кулол лойро бо як андоза бурида ба рӯи пештахтаи лоймолӣ мегузорад. Барои кӯзаҳои обгирии калон 5—6 килограмм, барои табақ 2—2,5 кг лойро мебурад. Кулолгар ба кор шурӯъ менамояд.

Тарзи ба шакл даровардани кӯза чунин аст: кулол рӯи аспакҷӯби дӯкон нишаста, дар рӯи чарх лойро ба шакл медарорад, аз об ва мола истифода мебарад. Мола олотест, ки зарфро ба шакл медарорад. Лойи кӯзашаклро аз рӯи чарх ба замин мегузорад

пешина
аз 214
навбатӣ