Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

иҷро кардан лозим меомад. Дар ин хусус шоир Ҳоқонӣ бисёр хуб гуфтааст:

Ба даффаву ҷадду мошӯраву наловаву чарх,
Ба обгиру ба маштуту меҳкӯбу таноб.

(16, саҳ. 662).

То Инқилоби Бухоро алоҷаҳои Қаратоғ дар бозор аз 40 то 60 танга, алоҷаи абрешимнах аз 60 танга то 150 тангаи бухорӣ арзиш дошт. (13, 76).

Баъди солҳои 60-ум дар Қаратоғ дӯконҳои бофандагӣ кушода, ба он касб бештар занон ҷалб карда шуданд. Дар айни замон дар коргоҳи бофандагии саноати маҳаллии ҷумҳурӣ, ки дар Қаратоғ воқеъ аст, бештар аз 250 нафар кор мекунанд.

ШӮРИШИ ХАЛҚИИ КОСИБОНИ ҚАРАТОҒ

Солҳои 80-уми асри XIX сарзамини Бухорои Шарқӣ ба вазъияти бади иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дучор гардид. Аз як тараф хушксолӣ, аз тарафи дигар, андозу хироҷи зиёд ва худсарии ҳокимон аҳволи халқро хеле табоҳ кард. Ин буд, ки солҳои 1885— 86 мавҷи тавонои шӯришҳои халқӣ қариб тамоми маҳаллаҳои тоҷиконро фаро гирифт.

Яке аз шӯришҳои калонтарини он солҳо шӯриши деҳқонони Кӯлоб буд, ки он дар таърих бо номи «Шӯриши Восеъ» машҳур аст. Шӯришгарон ба як қатор ғалабаҳо ноил гаштанд, вале аз он истифода бурда натавонистанд. Шӯриши Восеъ шикаст хӯрд ва худи ӯро ба қатл расонданд. Дар зери таъсири ин шӯриш дар дигар ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ низ шӯришҳо ба амал омад.

Дар ҳамон солҳо Қаратоғ яке аз шаҳрҳои калон ва сернуфузи Бухорои Шарқӣ ҳисоб меёфт. Дар он ҷо бештар ҳунарманду косибон зиндагӣ мекарданд.
Қаратоғ қароргоҳи тобистонаи Беки Ҳисор буд. Бек дар ихтиёри худ сарбозон ва хизматгорони зиёде дошт. Дар дӯконҳои ҳунармандӣ ва корхонаҳои косибин он ҷо на танҳо меҳнаткашони Қаратоғ, балки мардикорони кирояи деҳаҳои Налбек, Аршӣ, Қӯшбулоқ, Шунук, Пуштимиёна, Лабиҷай, Бедгун, Абду

пешина
аз 214
навбатӣ