Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
меномиданд. Шахсоне, ки бо роҳи хунук ранг тайёр мекарданд, «кӯкчӣ» ё «устои кабудгар» меномиданд.
То Инкӯлоби Бухоро рангрезҳо аз нил, гиёҳи рӯян, испаноқ, решаи анор истифода менамуданд. Нил барои ҳосил кардани ранги кабуди баланд, қабуди сиёҳтоб истифода мешуд. Дар бозорҳои Бухоро як пуд нил 192 сӯм арзиш дошт. Нилро бештар ба Қаротоғ туркманҳо аз соҳили Амударё меоварданд.
Баъди ҳамроҳ шудани Туркистон ба Россия аз Самарқанд рангҳои куттигӣ меоварданд. Дар рӯи куттӣ 7-калла навишта шуда буд, ки ҳар каллаи он ба 2,5 кг баробар аст. Ин рангро косибон ранги германӣ мегуфтанд.
Рӯян ранги садбаргӣ ё ҷигарии баланд аст, ки онро аз гиёҳи рӯян ҳосил мекарданд. Решаи ин гиёҳ дар растаҳои бозори Қаротоғ фурӯхта мешуд.
Қошинил (қирмизӣ)—ранги сурхи равшан, барои ранг кардани абрешим истифода мебурданд.
Оҳанпораи зангзадаро дар оби биринҷ шуста, каме равғани загир ҳамроҳ карда, чанд муддат дар гармии офтоб гузошта, чанд донаи гиёҳи татумро ҳамроҳ карда, ранги сиёҳ ҳосил мекарданд. Боз аз пӯчоқи анор ҳамчунин ранги сиёҳ тайёр менамуданд.
Рангҳои тайёрро дар хумҳо нигоҳ медоштанд. Гупҷонши хумҳо ба даҳ кӯза баробар буд. Ҳар як кӯза чор нимча ё 1 кг ранг мебурд. Баъзан дар ранг ҳалвои тутӣ, ширинии тут, мавизи зард ҳамроҳ мекарданд.
Баъд аз рангубор кортанӣ сар мешавад. Барои кортан тавассути дук дар тутаҳо калобаи рангкардашударо зугӯта мекарданд. Зугӯтаҳо рангоранг, вобаста ба ранги калоба аст. Кортанро бофанда ба хонааш даъват мекунад ва мувофиқи хоҳиши дӯкондор ӯ кадом намуди алочаро бофтанист кортан ба ҳамон вобаста, ба мехҳои кортанӣ зугӯтаҳои гуногунро мечинад. Баъди нахҳоро танидан маштут ҳосил мешуд. Ҳангоми тайёр шудани маштут нахҳоро аз тег гузаронида ба дастгоҳи бофандагӣ васл мекард. Дар найчаҷон хасӣ тавассути чархи ресандагӣ нах мепечонанд ва онро пуди кор мемоманд. Найчаи пур аз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё