Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
деҳаи Қаротоғ фурӯ рафтаанд, ба осонӣ фарқ кардан мумкин аст. Сатҳи ин ҷинсҳоро ҷо-ҷо гиёҳу буттаҳо ва ягон-ягон дарахтон пӯшидаанд.
Нақлу ҳикояҳои пирони аз 90-сола зиёди деҳа аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки пеш аз зилзила осмонро ҷангу ғубор зер кард. Инак, чанде аз нақлҳои пирони деҳа, ки аз замони зилзила зинда мондаанд.
Бобоев Мирзобон 95-сола, зимни мусоҳиба чунин гуфт: «Ҳамон вақт ман 18-сола, Қаротоғ ниҳоят серодам буд. Дар Қаротоғ зиёда аз 15 ҳазор одам зиндагӣ мекард. Дар рӯзҳои заминҷунбӣ қариб чор ҳазор одам ҳалок ва ҳазорҳо нафар маъюб гашт. Мо ҷавонон дар як рӯз то 300 мурдаи аз зери хонаю хок ёфтаро бо замбарҳои чӯбин ба қабристон мебурдем. Вақти барои ҳама қабр кандану ҷаноза кардан набуд. Хандақҳои дароз канда одамонро меғӯрондем. Китфони мо аз бардоштани чунин занбарақаҳо пӯст партофта хуншор шуд. Мо зиёда аз 15 рӯз дар қабристон кор кардем. Рӯзи заминҷунбӣ доду фиғони одамон ҳамто надошт. Одамон ба ҳар сӯ медавиданд, то ки ягон хешу ақрабои зиндаи худро аз кӯча ё ҳавлие ёбанд. Нисфи зиёди хонаҳои Қаротоғ болохонадор буд ва онҳо ба замин яксон гаштанд. Дар Қаротоғ чандин масҷидҳо, растаҳои бозор низ вайрон шуданд. Аз қишлоқҳои вайроннашуда ва аз Ҳисор одамон ба ёрӣ неомаданд. Баъд аз якчанд моҳи заминҷунбӣ бисёри одамон тарки қишлоқ намуда, ба деҳаҳои дигар ба монандӣ Хӯҷӣ (маънояш Хубҷӯ), Деҳбувак (маънои аслиаш Деҳаи Қадим), ба деҳаҳои дараи Қаротоғ, Ширкент ва Хонақо ихтиёрӣ муҳоҷир шуданд. Дар давоми се сол тамоми тӯю маъракаҳои хурсандӣ манъ карда шуд. Хонаҳое, ки дар танаи чариҳо буданд тамоман нест шуда рафтанду болои онро даҳҳо метр хок зер кард...».
Бекниёзова Меликой — пиразани 96-солаи деҳа зимни мусоҳиба чунин гуфт: «Ҳангоми заминҷунбии соли 1907 ман 15-сола будам. Хуб дар хотир дорам, ки рӯзи заминҷунбӣ тамоми одамони қишлоқ гӯё тарки ҳаёт карда бошанд. Доду фиғон, мӯйканию рӯйканӣ дар ҳар кӯчаю паскӯча назди кулбаҳои вайроншуда ба чашм мерасид. Модарам Саодатой, хоҳарам Зиннатой бо тифли се рӯзааш зери боми хона

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё