Зеҳн
Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

он ҳодиса ва иқдомотро фаҳмонда медод. Ҳокимони вилоятҳо, ки бо воситаи амлокдорҳо ва дигар одамони худ корҳои замин ва молия, ҷамъ кардани хироҷ, ушр ва ғайраро идора менамуданд, дар ҳалли ин масъала комилан худсарона амал мекарданд, аз аҳо‐лий чӣ ситондан ва ба хазина чӣ супоридани онҳоро касе тафтиш намекард.

Мингбошӣ, амин, оқсақол ва арбобҳо, ки ба сифати намояндаи аҳолӣ таъин мешуданд, одатан ба кир‐дори ҳоким ва дигар амалдорони амир пайравӣ ме‐карданд (9. саҳ. 201).

Капитани штаби генералии Россия Покотило, ки соли 1886 аз Деҳнав ба Қаротоғ сафар карда буд, ниҳоят дар ҳайрат мондааст, ки чаро дар заминҳои ду тарафи роҳи 50—60 ҷакрима, ки нағз обёрӣ ҳам мешуданд, ҳеҷ чиз накоштаанд. Маълум шуд, ки ба касофатии хироҷу андозҳои миёншикан мардум қиш‐локҳои худро партофта ба кӯҳҳо гурехта рафтаанд. Дар кӯҳсор онҳо чорво парварида барои эҳтиёҷи худ дар заминҳои лалмӣ андак кишт мекарданду бас. «На молу мулк ва худи ҳаёти табаани амири Бухоро ягон василаи таъмин надоранд», — менависад Покотило ва илова мекунад: — Натиҷаи ин авзои нохуши мод‐дию маънавии халқ ҳамин аст, ки мардум ба ҳукума‐ти амир ва ба намояндагони ин ҳукумат — бекҳо табиатан нафрат доранд» (9. саҳ. 205).

Дар амлокдории Қаротоғ 25 нафар навкарҳо бу‐данд, ки вазифаи миршабро адо мекарданд.

Усулҳои гирифтани андоз дар амлокдории Қаротоғ бо хонигарии Бухоро якхела буд. Масалан, андоз аз замини обӣ 1/5 ҳисса (хумс), аз замини лалмӣ 1/10 ҳисса рӯёнда мешуд. Амлокдор ҳаққи меҳнати худро низ талаб мекард. Аз рӯи ҳар 12 пуд аз замини обӣ нимхурд (32 фунд), аз замини лалмӣ нимчоряк (8 фунд) мерӯёнид. Қозӣ бошад, ба дафтари хоҷагидории ҳоким мӯҳр мегузошт ва ҳаққи мӯҳргузориро мегирифт. Мироб (хӯҷаини обёрӣ) ва оқсаққол аз 1/5 ҳиссаи хурд, Домулло-Имом ҳаққи худо «ҳақкулло» ва кавсан мегирифт, ки миқдори он ба 2 галбер ё нимхурд баробар буд.

Дарвешқаландарҳо барои эшон «нарз» мепурсиданд. Ба ғайр аз ин талафотҳои деҳқонон, закот барои

пешина
аз 214
навбатӣ