Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
Қаратоғ дар тамоми фасли тобистон серодам буд. Ин қалъа бошишгоҳи беки Ҳисор ва дар охирҳо Остонакул — қӯшбегӣ бисёртар рафтуомад мекард. Дар қалъа зулму ситам, хунрезиҳои ноҳақ доимо мушоҳида мешуд. Баъди вайрон шудани қалъа, ман дар хотир дорам, ки дар соҳили чапи дарё зиндон воқеъ буд. Дар қисмати болоии зиндон кӯпруки чӯбин ва чандин сепояҳои чӯбин меистоданд. Зиндон ба таҳхона монанд буд. Дохили зиндон торик ва дар байни он кундаи ғафси чанор меистод. Дар танаи кунда гулмехи оҳанин ва занҷир овезон буд. Дохили зиндон аз фарш то шифт рутубатнок. Дар зиндон гунаҳкорон то якчанд ҳафта меистоданд. Агар дар он ҷо ҳалок мешуданд, онҳоро ба соҳибдаракаш месупурданд. Дар гузари мо бошад, назди осиёб ва чувоз дори қӯшбегӣ меистод. Дор аз болории баландиаш 5
— 6 метр иборат буд.
Нақли пиразани 97-сола Норбибӣ Саидова (1890
— 1987) низ аз мавҷудияти дор далолат менамояд.
Ҳангоми сӯҳбат, соли 1983, чунин гуфт ӯ: «Ҳангоми ба сӯи дор бурдани гунаҳкорон падари Билоли меҳтар карнай менавохт. Билол аз паси падараш мерафт.
Нағоразанҳо нағора мезаданд. Оҳанги мотам деҳаро фаро мегирифт. Мардум фиғон мебардоштанд. Агар касе гуноҳи сахт мекард, аввал ӯро теғ зада мекуштанд ва боз барои он ки мардум аз сиёсатмандии Қӯшбегӣ хабардор шавад, ба дор меовехтанд. Саллодҳо бо либосҳои расмии худ фармонбардори Қӯшбегӣ буданд. Қалъаи Қаратоғ ҷои зулму ситами ҳам марду ҳам занҳо буд. Кадом зане, ки ҷиноят содир мекард ва ё ба қонунҳои шариат итоат намекард, ӯро дар сабад андохта, аз ҷариӣ қалъа ба сӯи дарё мегелонданд... Ҳодисаеро дар хотир дорам, ки дар ҳамон замонҳо агар зане дугоник таваллуд мекард, тифлаконро рӯи ғалбер гузошта, назди хазиначиёни қалъа мебурданд. Хазиначиён дар он ғалбер гандум ва ё нонеро мукофот медоданд. Ин маъное дошт, ки агар дар шаҳр дугоник таваллуд шавад, дар он ҷо серию пурӣ мешавад».
Мавҷудияти қалъа, дору зиндон воситаҳои асосии сиёсатгарони бекигарии Ҳисор дар Қаратоғ буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё