Диёри шоир

Китоб очерки мухтасари таърихию ҷуғрофии деҳаи Қаротоғ ва ноҳияи Турсунзода мебошад. Он ба зодгоҳи Шоири Халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 214 саҳифа
маҳаллаи Чармгарон бошад аз гузарҳои Кулолӣ, Чармгарӣ, Ойкӯлӣ, Сечормағза,
Ҳиндуҳо, Дарбандиҳо, Калтатой иборат буд. Маҳаллаи Чорбоғ аз гузарҳои Ӯрда, Меҳчагарӣ, Искичӣ,
Боё, Қозихона, Собунгарӣ, Қассобхона, Чуқурак;
маҳаллаи Сурхӣ бошад, аз гузарҳои Рангрезхона, Қорихона, Санги Кабуд, Чучуто, Хоҷарӯшной, Сарбозхона, Саҳлав, Читгарӣ, Шӯробдара иборат будааст.
Деҳаи Қаротоғи имрӯза дар соҳили дарёчаи шӯҳе, ки аз баландии 4400 метр, аз қуллаи Шӯро ғизо мегирад, ҷойгир аст. Дарозии дарёча аз сароб то резишгоҳ 99 км аст. Дар қисмати ҷанубии деҳа шаҳраки Сабо (ҳоло Навобод) ва Балҳак (ҳоло хонаи истироҳатии Қаротоғ) ҷойгир шудааст. Қисмати аҳолинишини деҳа аз ҷануб ба шимол 2,5 км ва аз мағриб ба машриқ 400 - 700 метр мебошад.
ҚАЛЪАИ ҚАРОТОҒ
Дар нимаи дуюми асри XIX Қаротоғ ба яке аз ҷойҳои калонтарини сераҳолӣ табдил ёфта буд, ки он вақтҳо аҳолии Ҳисор аз гармии тобистон ва аз пашшаҳо паноҳгоҳ ёфта, ба ин ҷо меомаданд. Яке аз саройҳои беки Ҳисор дар қисми чапи дарёи Қаротоғ воқеъ буд. То нимаи асри XIX қалъаи Қаротоғ яке аз қалъаҳои пурдабдабаи бекигарии Ҳисор ба шумор мерафт. Қалъа дар баландии 200 метр бунёд шуда ва аз маркази деҳа ба масофаи 400 метр ҷойгир аст.
Соли 1886 сайёҳи фаронсавӣ Г. Бонвало ба Қаротоғ сафар карда дар ёддоштҳояш навиштааст: «Қалъа дар тарафи рост, роҳи хурде дошт, ки он роҳ ба манораҳои дар қисми шарқӣ мавҷуд буда ва ба дарвозаи калони шаҳр мебурд. Деворҳои қалъа аз лой ба шакли росткунҷа сохта шудаанд.
Дар чор гӯшан қалъа манораҳои чоргӯша мавҷуд
аст, ки сутунҳояш ҷониби шимол намоёнанд. Ин сутунҳо барои овехтани одамони гунаҳкор сохта шудаанд. Дар паҳлӯи қалъа тӯп, занбаракҳо, ҷои махсус
барои туфангҳо, сӯрохиҳо барои тирпарронӣ мавҷуданд. Дар қалъа дар ҳар ду тарафи даромадгоҳ барои одамон хонаҳо ва аз чӯбкориҳои бостонӣ, дар айвонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё