Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Хусусияти хоси аз дигар гурӯҳҳо фарқкунандаи типи мазкурӣ ҷумлаҳои пайрави сабаб пеш аз ҳама он аст, ки онҳо фикри дар сарҷумла гуфташударо исбот менамоянд. Мисол: Ҳаваси Боровиков бештар ба шикори моҳӣ буд, на ба худи моҳӣ, чунки вай моҳиёни ба шасташ омадаро дар худи ҳамон ҷо ба бачагони колхозӣ тақсим карда медод (С. У., Навобод).

Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки фикри дар сарҷумла ифодагардидаро исбот менамоянд, аз ҷиҳати маъно ва вазифаашон низ як хел нестанд. Чунончи:

  1. Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки барои исботи фикри дар сарҷумла гуфташуда далели реалӣ ва раднашаванда ба шумор мераванд: Модоме ки барг меҷунбад, пас шамол ҳаст (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 441). Худи ӯ ҳам акнун аз тамошо баргашта будааст, ки ҷомаашро дар кашидан буд (С. А., Кул., ҷ. І, саҳ. 155).

Дар ин гуна ҷумлаҳои мураккаб гӯяндаи сухан ҷумлаи пайрави сабабро барои исботи сухани худ далел нишон медиҳад, сарҷумла чун даъво ва ҷумлаи пайрав чун далел воқеъ мегардад: Ин воқеаро шунида, машкоб заҳрханда карда гуфт, ки «кулол дар мундӣ об мехӯрад мегӯянд», рост аст, зеро ки худам машкобӣ карда, ҳамаро аз об шодоб кунам ҳам, дастам намерасад, ки ба хонаи худам як машк об барам! (Ҷ. И., Тори анкабут, саҳ. 34-35). Модом ки аз болои сари мо дур намеравад, ҷои моро дида будааст (Ф. Н., Вафо, к. І, саҳ. 219).

Далели раднашаванда ва қатъияти ҷумлаи пайравро калимаҳои туфайлии албатта, бешубҳа, ҳатман ва амсоли инҳо, ки дар таркиби сарҷумла меоянд, низ таъин мекунанд ва қувват медиҳанд.

  1. Ҷумлаҳои пайрави сабаб, ки барои исботи фикри сарҷумла далели раднашаванда ба ҳисоб намеравад. Дар таркиби сарҷумлаи ин хел ҷумлаҳои мураккаб одатан калимаҳои модалие меоянд, ки онҳо ба фикри дар асоси ҷумлаи пайрав гуфташуда тобишҳои гуногун медиҳанд:

Аз кӣ будани онҳо ва аз куҷо будани худам чизе пурсидам, вале забонам дар дахонам сахт ҷунбад ҳам, овозам зоҳиран намебаромад, ки дар ҷавобам касе чизе нагуфт (Ҷ. И., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 65). Имрӯз бояд комиссияи аз Бухоро омадаро шунида бошад, ки дами дирӯзааш ҳам намондааст (С. А., Кул., ҷ. ІІ, саҳ. 11).

пешина
аз 109
навбатӣ