Зеҳн
Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа

Илм
Аз аввал хондан

Ҷумлаи пайрави сабаб ба ин ва ё он сифат молик
будани предмети сарҷумларо эзоҳ медиҳад

Гурӯҳи мазкурӣ ҷумлаҳои пайрави сабаб ба ин ва ё он сифат молик будани предметҳои дар сарҷумла номбаршударо эзоҳ медиҳад, ки он сифатҳо хоси он предметанд, ё ки аломати аз дигар ҳамчинсонаш фарқкунандаи он ба шумор мераванд.

Яке аз хусусиятҳои хоси ин хел ҷумлаҳои мураккаби тобеъ аз он иборат аст, ки сарҷумла аксар вақт дар шакли ҷумлаи номуайяншахс воқеъ мегардад, аз ин ҷост, ки предмете, ки аломати он эзоҳ меёбад, бештар чун пуркунанда ва аломати он чун пуркунандаи бевоситаи суратнаёфта ва ё дар таркиби хабар чун қисми номӣ ба амал меояд:

Он мардакро Саидӣ Маст мегуфтанд, зеро ки ҳар шаб аз маҳаллаи Чӯйбор берун рафта май меовард, ҳам ба хуҷаин медод ва ҳам худаш менӯшид (Ҷ. II., Дух. от., саҳ. 116).

Хусусияти дигари ин типи ҷумлаҳои мураккаб он аст, ки дар онҳо ҷумлаи пайрави сабаб бештар дар аввал меояд, дар натиҷа маънои эзоҳии ҷумлаи пайрав суст шуда, ба ҷои дуюми мегузарад, маънои эзоҳи сабаби воқеъ шудан ва чун далел хизмат кардани ҷумлаи пайрави сабаб қариб баробар мушоҳида карда мешавад. Мисол: Азбаски ба ҳар масъала ҳамроҳ мешуд ва бисёр гап мезад, ба ӯ мардум «Маҳмаддоно» лақаб дода буданд (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 328).

Ҷумлаи пайрави сабаб ба сифати кам ва ё зиёд доро будани яке аз предметҳои дар сарҷумла бударо эзоҳ медиҳад: Азбаски дар ду канори рӯд дарахтони тут сабзида буданд ва ҳар ҳафта ё понздаҳ рӯз аз рӯд об мегузашт, бошинҷоҳи ман дар шароити опвақтии Бухоро манзараи хубе буд (С. А., Кул., ҷ. V, саҳ. 3).

Ҷумлаи пайрави сабаб ба сифати зиёд молик будани предмети сарҷумларо эзоҳ медиҳад, ки он бартарӣ ба воситаи суффикси дараҷаи қиёсисоз ифода гардидааст:

Гарданшахтарини қӯрбошиён Иброҳим буд, ки вай ҳаргиз ба мо итоат кардан намехост, муллоҳои ҷоҳил ҳам ба вай ёрӣ медоданд (С. А., Кул., ҷ. 2, саҳ. 370).

Ҷумлаи пайрави сабаб аломатеро эзоҳ медиҳад, ки он дараҷаи олиро ифода мекунад:

Ин бинои нав, ки аз маҳсулҳои баъдиҷангӣ ба шумор мерафт, дар қишлоқ аз ҳамаи дигар иморатҳо баландтар меистод, зеро ки ҷои бино дар баландӣ буд ва худи бино ду қабата ва бо шукӯҳ андохта шуда буд (Ҷ. И., Шодӣ, саҳ. 203).

пешина
аз 109
навбатӣ