Ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик

Китоби мазкур ба омӯзиши ҷумлаҳои мураккаб бо пайрави сабаб дар забони адабии ҳозираи тоҷик бахшида шудааст. Дар он хусусиятҳои грамматикӣ ва сохтории чунин ҷумлаҳо баррасӣ мегарданд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 109 саҳифа
мегардад. Агар аз таркиби сарҷумла он аъзои пайрав истисно карда шавад, эзоҳталабии сарҷумла барҳам мехӯрад ва ба истеъмоли ҷумлаи пайрави сабаб ҳеҷ гуна ҳоҷате намемонад. Мисол: Ман, ки ба умеди оташ омада аз оташгиракам ҳам ҷудо шуда будам, тамоман моту маҳбӯт, тамоман гаранг шуда менишастам (П. Т., Тобистон, саҳ. 88).
Агар аз ин ҷумла ҳоли чидаи тарзи амал: тамоман моту маҳбӯт, тамоман гаранг шуда истисно карда шавад, ба омадани ҷумлаи пайрави сабаб ҳеҷ гуна зарурият намемонад.
Аъзоҳои пайрави ҳол, ки ҷумлаи пайрави сабаб ба туфайли онҳо воқеъ мегардад, гуногунанд:
а) ҳоли тарзи амал Нуралӣ, ки фикраш ба «Навобод» ва кори ояндаи худаш банд буд, суханони бародарашро бедиққат гӯш мекард (С. У., Навобод, саҳ. 17). Асо, ки ҳанӯз ба ягон қарор наомада буд, гап назада меистод (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 556).
Баъзан аъзоҳои пайрав, ки ҳолати воқеъ гаштани амали сарҷумларо нишон медиҳанд, бо калимаҳои монанди, чун, мисли омада барҷаста зоҳир мегарданд: Чун тамоми ин регзору санглоҳ дар бадани тали қоқе воқеъ шуда буд, тамоми ин деҳа монанди кафи даст менамуд (Ҷ. И., Ду ёр аз ду диёр, саҳ. 11). Ин гуна ҳолҳои тарзи амал, ки ҷумлаи пайрави сабаб маҳз ба туфайли онҳо меояд, баъзан ба таври муқоиса воқеъ гардидааст: Фасли баҳор дар қишлоқи Лолазор боз ҳам зеботар ва дилработар ҷилва мегар‐дид, зеро ки он дар доманаи кӯҳ ва канори водии зарҳезе воқеъ гашта, аз як тарафаш дарёчаи кӯҳӣ ва аз як тара‐фаш сой мегузашт (Ҷ. И., Ман гунаҳгорам, саҳ. 7).
б) ҳоли макон: Ҷӯрабой, Асо ва Ҳайдарқул ба даруни масҷиди Поянда даромаданд, ки он ҷо камодамтар буд (Ҷ. И., Дух. от., саҳ. 540). Аз болои бом тамоми хонаҳо ва саҳни ҳамаи ҳавлиҳои он тараф ва қисми ҳавлиҳои он сойро дидан мумкин буд, зеро ҳавлиҳои Нуъмонҷоҷӣ дар ҷои хубтарин ва хушбоду ҳавотарипи баланди қишлоқ бино шуда буд (Р. Ҷ., Од., чов., к. II, саҳ. 69).
в) ҳоли миқдор ва дараҷа. Дар ин гуна вақтҳо калима‐ҳои бисёр, кам, зиёда, қариб, хеле, басо, ниҳоят, бағоят, тамоман, ҷудо дар таркиби сарҷумла меоянд: Вай ақлу ҳу‐шлипро қариб гум карда буд, зеро ки медонист, мудири ма‐газин омогта машинаро аз молҳои саноатӣ пур карда, ху‐ланци та наллун Садаф нишаста, ҳозир аз база мебароянд (Ҷ. П., Ҳикоя ва очеркҳо саҳ. 34). Чун мардуми қабила

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё