Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Сиклон (бе тухмипарварии ибтидоӣ) дар Пажўҳиш-гоҳи хоҷагии қишлоқи Краснодар рўёнда шудааст. Гуно-гуннамудиаш паралелюм мебошад. Навъи биологии тирамоҳӣ буда, хўшааш ранги зарди коҳмонанду зич аст. Сўкҳои дарози дандонадор дорад. Зимистонгузарониаш хуб буда, ба хобидан тобовар аст. Ба касалии сиёҳаки гардӣ миёна ва ба гелминтоспориоз кам гирифтор мешавад. Дар қитъаи навъсанҷии Краснодар дар се сол ба ҳисоби миёна 53,74 с/га ва дар стансияи таҷрибаомўзии Қафқоз 87,2 с/га ҳосил додааст.
Росава (дуфасла). Дар Пажўҳишгоҳи умумиитифоқии тухмипарварию ирсшиносӣ рўёнда шудааст. Соли 1989 онро дар Тоҷикистон ноҳиябандӣ кунонидаанд. Ба гуногуннамуди паллидиум тааллуқ дорад. Дерпаз буда, давраи нашъунамояш 195-210 рўз давом мекунад. Донаш баробари навъи стандартии Ченад 345 буда, 10 рўз пеш аз навъи ноҳиябандишудаи Сиклон пухта мера-сад. Баландии пояаш 98-103 см аст. Ба хушкӣ тобовар, ба хоб рафтан устуворияш аъло буда, донаш кам пош мехўрад. Вазни 1000 донааш 41,7-44 г. аст. Дар таркиби донаш 12,9-13,1% сафеда дорад.
Аз навъҳои серҳосил буда, дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Нов 58,8 с/га ва дар Панҷакент 59,4 с/га ҳосил додааст.
Ҷави бапўст. Навъи маҳаллии биологии баҳорӣ аст. Ба зернамуди ҷави бисёрқаторӣ ва гуногуннамуди паллидиум мансуб мебошад.
Қобилияти зимистонгузарониаш суст аст. Ба хушкӣ тобовар буда, ба хобидан майл дорад. Ба касалиҳои сиёҳак ва занг гирифтор мешавад.
Ҳосилнокиаш на он қадар баланд аст. Барои кишти баҳорӣ дар ноҳияҳои Файзобод ноҳиябандӣ карда шудааст.
Ҷави кабутак. Навъи маҳалии бисёрқатораи лучтухми биологии баҳорӣ аст. Барои кишти баҳорӣ фақат дар шароити ВХБК мутобиқ кунонида шудааст. Кишти тирамоҳияш зимистонро бад мегузаронад. Ба хобидан майл дошта, ранги донаш сабзи бепўст аст. Вазни 1000 донааш 25-40 г. буда, гуногуннамудаш хималайензе мебошад. Кишти баҳории ин навъ дар заминҳои обии Помири Ғарбӣ дар баландии зиёда аз 2500 метр аз сатҳи баҳр ҳосил медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё