Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
МЎҲЛАТ, МЕЪЁР, УСУЛҲОИ КИШТ ВА ЧУҚУРИИ КИШТИ
ТУХМИҲО. Дар маҷмўи чорабнниҳои бо ҳам алоқаманд, ки барои ба даст, даровардани ҳосили баланду устувори ғалладонагиҳо равона карда шудаанд, аҳамияти омилҳои инертӣ низ бағоят калон аст. Ин омилҳо ба растаниҳо самараи ибтидоии инкишофӣ мебахшанд. Агар ягон қисми усули кишт аз мадди назар дур шуда бошад, минбаъд онро ислоҳ кардан мумкин нест. Ба чунин омилҳо мўҳлату усули кишт ва меъёри кишти тухми мансубанд. Кишт бояд дар мўҳлатҳои мувофиқ, (оптимальныӣ) барои ҳар як минтақаҳои хокию-иқлимӣ, бо риояи ҳатмии меъёрҳои тухмӣ ва чуқурии кишти онҳо гузаронида шавад.
Барои нағз инкишоф ёфтани силсилаи решагии гандум ва дар онҳо захира гаштани моддаҳои ғизоӣ ҳангоми зимистон то саршавии сардиҳои тирамоҳ 40-50 рўз лозим аст. Ҳангоми дер коштани гандум он суст инкишоф ёфта, ба обутобёбӣ имконият намеёбад. Ин боиси он мегардад, ки киштзорҳо сирак, миқдори пояҳои маҳсулнок ва вазни дон кам шавад.
Барои шароити вилояти Суғд ва ноҳияҳои водии Ҳисор муҳлати аниқи кишти тирамоҳӣ аз 20 сентябр то 10 октябр ҳисоб мешавад. Дар водии Вахш кишти тирамоҳиро дар нимаи аввали ноябр бояд ба итмом расонд.
Меъёри тухмӣ барои навъи шадиди Сете-Серрос-66 5- 6 млн. ва барои дигар навъҳо аз 3 то 5 млн. дони нешзанандаро ташкил медиҳад. Меъёри муайян шуда бояд зичии муътадили пояҳои маҳсулнокро муайян кунад.
Меъёри кишти тухмӣ аз рўи шароити хокӣ-иқлимӣ, хусусияти навъҳо ва захираи намӣ муайян карда мешавад. Дар заминҳои обӣ нисбат ба лалмӣ 1 -1,5 млн. дон зиёд тухмӣ мекоранд. Меъёри тухмӣ аз рўи вазн бо назардошти вазни (массаи) 1000 дояа ва барои киштшоям будани сифати хоки ҳочагиҳо муайян карда мешавад.
Дар шароити заминҳои лалмӣ 300-400 ва дар заминҳри обӣ 500-600 дона пояи маҳсулнок дар ҳар як 1 м2 ба талабот ҷавобгў аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё