Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Ҳангоми кам кардани меъёри тухмӣ киштзорҳо сирак гашта, дар сурати зиёд коштани онҳо панҷазании маҳсулнок суст ва вазни донаҳою донадоршавии хўшаҳо кам шуда, сифаташон паст мегардад.
Дар сурати риояи қатъии усулҳои таӣёркунии тухмиҳо ба кишт ва иҷроиши усули истифодабарии меъёри 4-5 млн. дони нешзананда дар ҳар як гектар имкокият медиҳад, ки ҳосили баланди дони гандум гирифта шавад. Барои ин зарур аст, ки дар киштзорҳо ҳангоми пайдоиш ва инкишофёбии узвҳои генеративӣ шароити аниқ муҳайё карда шавад. Дар ин хусус таҷрибаҳои мамлакатҳои хориҷӣ гувоҳӣ медиҳанд. Масалан, дар Бритониёи Кабир меъёри тухмӣ аз ҳисоби 200 растанӣ дар 1 м2 (100- 110 кг/га) муқаррар карда мешавад ва дар баробари ин кушиш мекунанд, ки дар 1 м2 700 дона пояи маҳсулнок пайдо шавад.
Дар таҷрибаҳои Қурбонов Б.Х. Ҳосили баланди гандуми навъи Сете- Серрос-66 (70 с/га) дар заминҳои обии минтақаи Кўлоби вилояти Хатлон дар ҳолати истифодаи усули кишти камбарҷўяк, меъёри кишти 5 млн./га тухмиҳои қобилияти нешзанӣ дошта ва ғизодиҳии бо нитроген дар давраи авали пайдоиши садбарг (флаговый лист) гирифта шудааст.
Меъёрҳои тавсияшудаи тухми гандум барои минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ дар ҷадвали № 6 оварда шудаанд.
Гандум бо усулҳои зерин кошта мешавад: яклухти қаторӣ (қатории муқаррарӣ), камбарҷўяк, бақадду бар, Асосан дар амалия усули яклухти қаторӣ истифода бурда мешавад. Усули камбарҷўяк ва ба қадду бар имконият медиҳад, ки растаниҳо дар қитъа баробар тақсим шаванд ва майдони ғизоии оптималӣ дошта бошанд.
Дар вақти коштани гандум бо усули шадид тавсия мешавад, ки кишт бо гузоштани изи технологӣ (технологическая колея) гузароннда шавад.
Зарурати гузоштани изҳои технологӣ дар он аст, ки тамоми чорабиниҳои нигоҳубини растаниҳо дар давраи нашъунамо бо тракторҳо гузаронида шуда, растаниҳо осеб намебинанд. Дар як қатор мамлакатҳои ҷаҳон гандумро бо усули киштагӣ парвариш мекунанд.

пешина
аз 314
навбатӣ