Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мўҳлатҳои ғизодиҳии илман асоснок кардашуда дар амалия санҷида шудааст. Ғизодиҳӣ дар давраи саршавии панҷазанӣ фаъолияти фотосннтетикии растаниро пурзўр мегардонад, пас аз панҷазанӣ найчабандӣ чун омили маҳсул-нокии аслии (потенциальныӣ) навъ ба инкишофи максималии узвҳои генеративӣ мусоидат мекунад. Ғизодиҳӣ дар аввали давраи баромадани сарбарг давомнокии фаъолияти фаъоли фотосинтетикии растаниҳоро дароз карда, ба ширагирии хўшаҳо таъсирӣ мусбат мерасонад, Бо ин мақсад дар Иттиҳоди Муттаҳидаи Амрико (ИМА) аз обмонии ғизонок истифода мебаранд. Аз ин рў дар шароити мо дар заминҳои обӣ ҳангоми баромадани сарбарг истифодаи ин гуна «шарбат» ба мақсад мувофиқ аст.
ТАЙЁР КАРДАНИ ТУХМӢ БА КИШТ. Мувофиқи талаботи усули шадид бояд тухмиҳои дараҷаи (класси) якўм, репродуксиян 1-3, ки дорои тозагии 90%, қобилияти нешзании на кам аз 95%-а доштагӣ истифода бурда шаванд.
Тухмиҳо бо воситаи мошинаҳои тухмитозакунаки «Петкус», СМ-4, ОС-4А ва дигар мошинаҳо аз ғашу омехтаҳо тоза карда мешаванд.
Дар тайёр намудани тухмиҳо ба кишт, безарар кардани оиҳо аз ҳашароту ангезандагони касалиҳо (зангзанӣ, сиёҳаки гарда ва сахт) яке аз чорабиниҳои асосию масъул ба шумор мераванд. Барои безараркуни заҳрдоруҳои (препаратҳои) васлӣ ва силсилавӣ (системный) истифода бурда мешавад. Бо ин мақсад чунин заҳрдоруҳоро ба кор мебаранд:
васлӣ: витовакс, 75% х. т.- 2,5-3 кг/т, силсилавӣ: агросид (фундазол) 50% х. т.- 3 кг/т, байтан 19,5% х. т.-3 кг/т. Тухмиҳо бо мошинаҳои тағмаи ПС- 10, ПУ-3, ПСШ-5, «Мобитокс», КПС-10 безарар карда мешаванд.
Ҳангоми безараркунӣ барои намкок кардани 1 т. тухмӣ 10 л обро сарф мекунанд. Барои хушсифат омехта шудани заҳрдоруҳо 0,2 кг/т намаки натрии карбоксиметилселлюлоза (NaКМС)-ро дар вақти безараркунӣ илова менамоянд. Намии тухмиҳо пас аз безараркунӣ набояд аз 1 % зиёд бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё