Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

нотаъмин
Нимтаъмин 20 10 65 57,5 -
Таъмин 30 15 97,5 86,2 -
Аз меъёр зиёд 40 20 130 115 -
таъмин

Нуриҳои фосфорӣ барои гандум дар асоси нишондоди харитаи (картограмма) хок истифода мешаванд. Дар хокҳое, ки миқдори фосфори ҳаракаткунандаашон паст 0-15 мг/кг) аст 90-120 кг, 5-30 мг/кг-0-90 кг ва 35- 40 мг/кг будани фосфор дар ҳар як гектар 30-60 кг/га, моддаи таъсиркунанда пошида мешавад. Аз сабаби зиёд будани калий дар хокҳои хокистарранг нуриҳои калийдор истифода бурда намешаванд.
Дар заминҳои обӣ барои ҳосилнокии 50-60 с/га меъёри солонаи нуриҳо бояд чунин бошад: нитроген-160-180 кг/га, фосфор-80-90 кг/га ва калий 50-60 кг/га (моддаи таъсиркунанда).
Дар беҳтар шудани ҳусусиятҳои физикии хок, баланд шудани ҳосилнокӣ ва сифати дон нуриҳои маҳаллӣ аҳамияти махсус доранд. Поруро аз рўи имконият дар заминҳои лалмӣ 10-15 т/га дар замиинҳои обӣ 20-30 т/га пошидан даркор аст. Чун анъана ин нуриҳоро пеш аз коркарди асосӣ мепошанд.
Яке аз вазифаҳои асосию муҳими ходимону мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар он аст, ки онҳо бояд усулҳои самараноки истеҳсоли маҳсулот ва роҳҳои кам кардани истифодаи нуриҳоро коркарда бароянд.
Зеро кам кардани истифодаи нуриҳо на фақат аз чиҳати иқтисодӣ муфидаст, балки имконият медиҳад, ки маҳсулоти тозаи экологӣ рўёнида шавад. Дар шароити ҳозира усулҳое истифода мешаванд, ки ба гирифтани маҳсулоти тозаи экологӣ имконият медиҳанд. Масалан, дар Белгия мувофиқи усули пешниҳодкардаи профессор Лалу ҳангоми истифодаи 140 кг/га мт нитроген, 90 с/га дони гандуми тирамоҳӣ гирифта мешавад.
Ин меъёри нитроген дар мўҳлатҳои зерин пошида мешавад: 40 кг/га дар вақти пайдо шудани майса, 80 кг/га баъди панҷазанӣ ва боқимондааш ҳангоми баромадани сарбарги (флаговый лист) гандум.

пешина
аз 314
навбатӣ