Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Пас аз лўбиёгиҳои донӣ, омехтаҳои лубиёгию-ғаллагиҳо меъёри нуриҳои нитрогенӣ аз рўи ғуншавии нитрогени биологӣ муайян мегарданд.
Пас аз юнучқа меъёри солонаи нуриҳои нитрогенӣ дар соли якўм 50% ва дар соли дуюм 25% кам карда мешавад.
Дар ҷумҳурӣ қисмати зиёди масоҳати киштҳои гандум дар он заминҳои лалмие гузаронида шудаанд, ки камубеш ба бодлесӣ гирифтор буда, камҳосиланд ва ин ба ҳосилнокин китъаҳо таъсири манфӣ мерасонад. Ин ҳолатро ба назар гирифта, дар хокҳое, ки қабати ҳосилхезашон ба дараҷаи миёна ё зиёд обшуста шудаанд, меъёри нуриҳо-25-30% зиёд карда мешавад.
Дар шароити заминҳои лалмии чумҳурӣ аввали баҳор гузароиидани ғизодиҳии гандум дар ибтидои нашъунамоёбии растаниҳо яке аз чорабиниҳои асосист. Барои иҷрои ин амалиёт аз мошинаҳои нурипошӣ истифода мебаранд. Пошидани нуриҳо ба боришот мутобиқ карда мешавад.
Солҳои охир ҷараёни нави истифодаи нуриҳо тавсия мегардад. Аз рўи ин назария бояд меъёри нуриҳо аз рўи ҳосили тарҳрезишуда дар асоси маълумотҳои ташхиси таркиби кимёвии хок ва дараҷаи (коэфисенти) истифодабарии моддаҳои ғизоӣ аз нуриҳои минералӣ ва дигар нишондодҳо (ҷадвали № 5) муайян карда шавад.
Дар заминҳои обии хокистарранг 20%-и меъёри солонаи нитроген ҳангоми кишт ва боқимондааш дар вақти ду ғизодиҳии дигар: давраи панҷазанӣ 30% ва найчабарорӣ 50% пошида мешавад.
5. Меъёрҳои ҳисобӣ-намунавии истифодаи нуриҳо барои гандуми тирамоҳӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ

МинтақаҲосили Илова Меъёри ҳисобии нуриҳо
имконпа-аз 1 барои ҳосили иловагӣ
зирига, сР2О5 К2О
дон аз 1
га, с
Заминҳои
лалмии аз боришот

пешина
аз 314
навбатӣ