Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Бинобар он, дар чунин майдон барои коштани знроатҳои ғалладонагӣ гузаронидани чархмола бо чархмолаҳои вазнини тағмаи БДТ-3 дар чуқурии 8-12 см ё ин ки сихмола (чизел) кардан дар чуқурии 16-18 см тавассути ду қатор сихмола кофист.
Ҳангоми коштани гандум пас аз дарав кардани дигар зироатҳои ғалладонагӣ шудгори поязорро ҳатман пас аз ғунучини ҳосили зироати пешинакишт бо воситаи испорҳои пешпозадор дар чуқурии 25-30 см гузаронида мешавад. Сари вақт гузаронидани шудгор имкон медиҳад, ки сатҳи замин ҳамвор гашта, кулухчаҳо майда шаванду коркарди пеш аз кишт осон гардад.
Агар дар заминҳои лалмӣ юнучқа барои гандум зироати пешкишта бошад, шудгори онро пас аз дарави якўм дар чуқурии 30-35 см мегузаронанд, то ки қабати шудгор пурра хокгардон шавад. Пас аз дарави якум барои он шудгор мегузаронанд, ки дар ин ҳангом хок захираи кофии намӣ дорад. Баробари коркард хок нағз талқон шуда, боиси нигоҳдории сохти дилхоҳи он мегардад.
Дар заминиҳои обӣ агар хок хушк бошад, пеш аз шудгор оби намиғункунанда монда, сипас баъди расиши он тавассути испори пешпозадор дар чуқурии 30-35 см шудгор мегузаронанд. Хокҳоеро, ки қабати ҳосилхези онҳо пурзўр аст ва хокҳои шўри аз тухми алафҳои бегона пурро то 35- 40 см шудгор бояд кард. Ин вакт бояд қабати шудгор пурра чаппа карда шавад. Бо ин мақсад аз испорҳои дуқабата истифода мебаранд.
Фарқият аз чуқурии муайяншудаи шудгор ±2 см, баландии пуштаҳои хобондашудаи хок ва чуқурии ҷўякҳои ҷудокунанда набояд аз 5 см зиёд бошанд.
Коркарди пеш аз кишти хок аз муштарак гузаронидани чархмола бо БДТ-3 ё БДТ-7 ва сихмолаҳои дандонадори БЗТС-1,0 дар чуқурии 6-8 см дар самти кўндаланпии замини пеш коркардашуда бо мақсади ҳамворкунӣ ва майда гаштани кулўх ибарат аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё