Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Зироатҳои ғалладонагӣ дар шароити пахтакорӣ дар майдонҳои алафҳои яксолаю бисёрсола ҳамчун зироати фосилавӣ кошта мешаванд.
Вобаста ба шароити хоку иқлим нақшаҳои зерини киштгардонҳои пахта, юнунчқаю ҷуворимакка тавсия шудаанд: 3:6, 1:3:6, 1:2:7, 1:4:1:4.
КОРКАРДИ ХОК. Силсилаи коркарди хок барои гандум ба зироати пешинакишт, хусисиятҳои минтақа ва ҳолати майдонҳо зич алоқаманд аст. Он бояд заминро аз бодлеси нигоҳ дошта, обро ғун ва эмин дорад.
Пас аз коркард сатҳи замин бояд ҳамвор гашта, алафҳои бегона, ҳашароти зараррасону барангезандагони касалиҳои растанӣ нест карда шаванд.
Дар заминҳоӣ лалмие, ки норасоии намӣ мушоҳида карда мешавад, вазифаи асосии коркарди хок аз ғун кардан ва нигоҳ доштани намӣ иборат аст.
Мувофиқи тавсияномаҳои Вазорати кишоварзии Тоҷикистон оиди парвариши зироатҳои ғалладонагӣ, шудгори заминҳои дамдодашудаи сиёҳ, тирамоҳи барвақт дар чуқурии 25-30 см бо испорҳои (плугҳои) ПН- 3-35, ПЯ-4-35-и пешпозадор (предплужник), ки ба тракторҳои ДТ-75, Т-4, Т-40 пайваст шудаанд, гузаронида мешавад. Пас аз ин шудгорро дам дода, дар давоми давраҳои тирамоҳ, баҳор ва тобистон бо мурури сабзидани алафҳои бегона тавассути мухашшакҳои (лущилник) тағмаш ЛДГ-5, ЛДГ-10 нармкунакҳо (култиваторҳо) дар чуқурии 8-10 см вобаст ба ҳолат ва вазъи пайдошавии алафҳои бегона коркарди қабатӣ гузаронида мешавад.
Дар қитъаҳои заминҳои дамдодашудаи банд пас аз ғунучини ҳосили зироатҳои бандкунанда шудгор мегузаронанд. Дар тобистону тирамоҳ то кишти зироатҳои ғалладона дар сурати сабзидани алафҳои бегона нармкунӣ мегузаронанд. Коркарди баҳорӣ, тобистонӣ ва тирамоҳии заминҳои дамдодашуда бояд бо истифодаи якҷояи сихмола амалӣ шавад.
Дар сурати ҳамчун пешинакишт истифода шудани зироатҳои байни қаторашон коркардашазанда ва нағз парвариш кардани онҳо дар давраи нашъунамо майдон аз алафҳои бегона нисбатан тоза шуда, қабати болоии хок дар чуқурии 8-10 см нарм мемонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё