Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Майдон барои кишт бояд ҳамвор бошад, дар қабати коркардшавандааш кулўхчаҳои андозаашон на аз 5 см зиёд буда дошта бошад.
Тағйирёбии чуқурии муқарраршуда бояд дар вақти иҷрои қор на аз ±1 см фарқ кунад. Гузаргоҳҳои ҳамҳудуд бояд якдигарро 10-15 см пўшонанд. Дар майдонҳои коркардшаванда ҷойҳои чаллакорӣ бояд набошанд. Чунин коркард ва иҷрои талаботҳои он имконият медиҳад, ки намии хок сарфа шуда, кишт ҳушсифат гузарад. Ин вақт тухмиҳо баробар ва дар чуқурии зарурӣ кошта мешаванд.
Яке аз шартҳои асосии рўёндани майсазори анбўҳ гузаронидани кишти саривақтӣ пас аз коркарди хок мебошад. Ин махсусан дар минтақаи Қўрғонтеппаи вилояти Хатлон, ки он ҷо тирамоҳ ҳарорати ҳаво хеле баланд буда, намӣ аз қабати болоии хок тез мепарад, аҳамияти калон дорад.
ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Талаботи гандум ба нуриҳо бо роҳи ҳисобию назардошти ташхиси кимёвии хок, андозаи ҳосили тарҳрезишуда ва ҳусусиятҳои навъҳо муайян карда мешавад.
Усули шадид талаб мекунад, ки нуриҳои минералии нитрогенӣ, фосфорӣ ва калийдор дар таносубҳои муайян, қисм-қисм (дробно) ва дар асоси назардошти маълумотҳои ташхиси хоку растаниҳо истифода шаванд.
Дар баланд бардоштани самаранокии нуриҳо мўҳлат ва усули пошидани онҳо аҳамияти калон дорад.
Самаранокии истифодаи нуриҳои маҳаллии нитрогенӣ ва фосфорӣ ҳангоми кишт якҷоя бо тухмӣ дар ҳаҷми 20-30 кг моддаи таъсирбахш (МТ) ба ҳар як гектар исбот шудааст. Норасоин нитроген дар давраҳои аввали инкишоф бо истифодаи он дар давраҳои инкишофи минбаъдаи растаниҳо ҷуброн карда, намешаванд. Истифодаи фосфор дар вақти кишт имконият медиҳад, ки майсазори баробар (саросар) ва силсилаи решагии пурқуввату инкишофёфта паӣдо шавад. Самаранокии нуриҳои фосфорӣ дар он сурат меафзояд, ки чуқур рехтани онҳо ҳангоми шудгор бо пошидани онҳо дар вақти кишт мувофиқ кунонида шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ