Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

(4 соат)
(ФАЗАҲОИ РУШД ВА ДАВРАҲОИ ИНКИШОФЁБИИ РАСТАНИҲО)
Давраҳои нашъунамои ғалладона аз рўи нишондоди Кулешов. Ташаккулёби ва расиши тухмӣ. Гулкуни ва ширагирии ғалладонаҳо Дар ҷараёни тараққиёти таърихӣ (филогенез) ҳар як шакл ва намуди растаниҳо ба шароитҳои муайян мутобиқ гашта, нисбат ба омилҳои муҳит қобилияти интихобӣ доранд ва сабзишу инкишофи онҳо бо ин омилҳо вобастагӣ дорад.
Асосҳои илмии инкишофёбии фардии растаниҳо аз тарафи олимони рус А.Н.Бекетов., К.А.Тимирязев кор карда шуда буданд. Баъдтар, соли 1936 Лисенко Т.Д. кўшиш намуд, ки таъсири омили термикӣ ва давраи рўшноиро ба инкишофёби растаниҳо ба назарияи илмӣ асоснок кунад. Назарияи ў ба тадқиқотҳои илмии Гаспер, Алларда, Шеглова ва ғайра такя менамуд.
Лисенко Т.Д. дар инкишофёбии растаниҳо ду давра: давраи баҳориронӣ- ва давраи рўшноиро фарқ менамояд.

пешина
аз 314
навбатӣ