Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Маълумот оиди гандуми сахт ва мулоим(қавӣ, суст ва миёна).
Дар ҷумҳурии мо асосан гандуми мулоим, ки дорои аҳамияти калони хоҷагӣ аст, паҳн шудааст. Бисёр хелнамудҳои гандуми мулоим ба зернамуди иронию осиёгӣ тааллуқ доранд. Аз рўи сифат дони навъҳои гандуми мулоим ба навъҳои қавӣ, миёна ва суст (ҷадвал) ҷудо мешаванд.
Гандуми қавиро беҳкунандаи сифат меноманд. Зеро дар вақти илова кардани он ба гандуми суст сифати маҳсулот (мазза, ранг ва ҳачми нон) беҳтар мешавад.
Барои истеҳсоли ғаллаи навъҳои гандуми қавӣ давлат музди иловагӣ медиҳад. Дони гандуми қавӣ, ки орди хушсифат мешавад, дар таӣёр кардани навъҳои аълои макарон ва маҳсулоти қаннодӣ истифода мебаранд.
Талабот ба сифати дони гандуми мулоим
(ГОСТ 9354-7)
Нишондодҳо Гандуми Гандуми миё-Гандуми суст
қавӣ на
Миқдори сафеда, % на кам аз 11,0-13,9 камтар аз 11
14
Сифати ширешӣ, I II II-III
(клейковина), гурўҳ
Ширеши хом (сырая на кам аз 25-28 камтар аз 26
клейко-вина), % 28
Ҳаҷми нон (аз 100 гр на кам аз 450-500 камтар аз 450
орд), см3 550
Шаффофӣ (стекло- - -
видность),% - -
Гандуми сурхдона 75
Гандуми сафеддона 60
Қувваи пухташавии на кам аз 200-280 камтар аз 200
орд, 280 МАВЗУЪ Давраҳои сабзиш, зинаҳои инкишофи узвҳо(органогенез) ва марҳалаҳои нашъунамои зироатҳои ғалладона.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё