Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Дараҷаи ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ дар ҳудуди Тоҷикистон аз рўи захираҳои гидротермикӣ (обию-гармӣ), тағирёбии нурафкании офтоб дар ҳар маврид ва дигар омилҳо муайян карда мешавад.
Барои пурра таъмин намудани талаботи хоҷагии халқи Тоҷикистон ҳар сол на камтар аз 1,5-2,0млн.т. ғалла зарур аст.
Барои минбаъд зиёд кардани истеҳсоли ғалла татбиқи усули шадиди парвариши зироатҳои ғалладонагӣ аҳамитяти муҳим дорад. Зеро усули шадид танҳо ба истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи моддию техникӣ ва истифодаи васеи дастовардҳои илму амалияи пешқадам такя мекунад.
Моҳияти усули шадиди кишти зироатҳои ғалладонагӣ аз риояи талаботҳои зерин иборат аст: коштани зироатҳо пас аз пешинакишти киматбаҳо дар силсилаи киштгардонҳо; татбиқи навъҳо ва дурагаҳои серҳосилу ба нахобидан устувор; таъмини аниқи растаниҳо бо маводи ғизоӣ; қисм-қисм пошидани нуриҳои нитрогенӣ дар давраи нашъунамои растаниҳо аз рўи нишондодҳри ташхиси хоку растаниҳо бо назардошти давраҳои пайдоиши узвҳо; истифодаи усули якҷоякардашуда (интегрированный) барои муҳофизати растаниҳо аз алафҳои бегона, ҳашаротҳои зараррасон, касалиҳо ва истифодаи моддаҳои фаъоли сабзонанда; сари вақт ва хушсифат гузаронидани чорабиниҳои технологии парвариши зироатҳо; ҳифзи хок аз бодлесӣ; захиракунии нами хок; муҳайё кардани шароитҳои аниқ барои сабзишу инкишофи растаниҳо; тез ва беталаф ҷамъ овардани ҳосил.
Усули шадид бо назардошти хусусиятҳои минтақавӣ ва инчунин хусусиятҳои биологии ҳар як зироат, навъҳою дуруагаҳо ҷорӣ карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ