Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар ҷумҳурӣ аз зироатҳои ғалладонагӣ (нонӣ) гурўҳи якўм гандум ва ҷав бештар паҳн шудаанд. Аз зироатҳои ғалладонагии (нонӣ) гурўҳи дуюм бошад, ҷуворимакка ва шолӣ ҳамчун зироати асосӣ зиёдтар кошта мешаванд.
Дараҷаи ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ ноустувору тағирёбанда аст. Ин ҳолат ба хусусиятҳои минтақавӣ, пеш аз ҳама ба гуногунии нами киштзор, дараҷаи ҳосилхезии хок, хусусиятҳои биологии зироатҳо, навъи онҳо ва махсусан ба сатҳи коркарди парвариши зироатҳо вобаста аст. Муайян кардани ҳосилнокии зироатҳои ғалладонагӣ вобаста ба захираҳои хокию-иқлимии ҳар як минтақаи мушаххаси ҷумҳурӣ аҳамияти калон дорад. Ин амал имконият меҳад, ки барои ба даст овардани ҳосили дилхоҳи тарҳрезишуда усули муносиби парвариш истифода шавад.
Роҳҳои баландбардории ҳосилноки ва зиёд кардани ҳосили дон.
Дар Тоҷикистон ҳалли масъалаи ба таври зиёд истифода шудани қувваи офтоб, гармӣ ба гирифтани ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагӣ бояд бо роҳи пурра истифода бурдани давраи нашъунамо (вегетатсионӣ) аз ҳисоби гирифтани ду ҳосили дон, се ҳосили баргу пояи сабз, татбиқи васеи киштҳои ангорӣ (пожнивные), фосилавӣ (промежуточные) ва кишти зироатҳои дар зимистон рўянда ба роҳ монда шавад.
Дар ин самт истифода бурдани навъҳо ва дурагаҳои ноҳиябандишудаи серҳосили зироатҳои ғалладонагӣ метавонанд то 5%-и нурафкании офтобро аз худ кунанд.
Ҷараёни пайдоиши ҳосили зироатҳои ғалладонагӣ ва сифати маҳсулоти онҳо тавассути муҳайё кардани низоми аниқи обӣ, ғизоӣ ва мукаммалгардонии усули парвариш ба танзим дароварда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё