Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

МАВЗУЪ. ЗИРОАТҲОИ ҒАЛЛАДОНАГӢ. ( 2соат) Ҳолати истеҳсоли ғалла дар ҷумҳурӣ. Роҳҳои баландбардории ҳосилноки ва зиёд кардани ҳосили дон. Маълумот оиди гандуми сахт ва мулоим (қавӣ, суст ва миёна).

Дар Тоҷикистон таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ яке аз масъалаҳои муҳим аст. Вазифаи зиёд кардани истеҳсоли ғалла дар шароити гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ ва бо суръати тез зиёд шудани аҳолӣ боз ҳам масъалаи ҳаётӣ ва рўзмарра шуда истодааст. Дар ҷумҳурӣ имконияти минбаъд афзун кардани истеҳсоли ғалла аз ҳисоби бештан намудани масоҳати майдонҳои кишт маҳдуд аст. Аз ин лиҳоз зиёд шудани истеҳсоли ғалла бояд танҳо аз ҳисоби ҳосили баланди зироатҳои ғалладонагӣ амалӣ гардонда шавад. Дар сурати риояи низоми технологӣ ва самаранок истифода бурдани заминҳои корам (махсусан заминҳои обёришаванда) имконияти воқеии дар Тоҷикистон на камтар аз 1,5-2,0 баробар зиёд кардани истеҳсоли ғалла мавҷуд аст.
Соли 2008 зироатҳои ғалладонагӣ ва лубиёгӣ дар майдони 359,9 ҳазор гектар кошта шуданд ва ҷамъоварии умуми он ба 942,8 ҳазор тонна расонида шуд. Зироатҳои ғаллагиро асосан дар тирамоҳ мекоранд.
Ин имконият медиҳад, ки омилҳои табиӣ (гармӣ, рушноӣ ва махсусан намӣ аз ҳисоби боришот) самаранок истифода бурда шаванд ва дар натиҷа ҳосилнокӣ нисбат ба киштҳои баҳорӣ 1,5 баробар ва аз он ҳам бештар шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ