Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Зағир дар давраи нашъунамояш 1600- 1800°С гармиро талаб мекунад.
Новобаста ба он ки зағири равғандор ба заминҳои лалмӣ мутобиқу ба хушкӣ нисбатан устувор аст. Дар шароити аз намӣ таъмин ҳам ҳосили баланд медиҳад. Зағир дар давраи аз пайдоиши майсаҳо то гулкунӣ 70-75 фоиз намии заруриро истифода мебарад. Махсусан дар давраи ғунчабандӣ то охири гулкунӣ зҳтиёҷи зағир ба намӣ меафзояд. Аз ин рў, истифодаи чораҳое, ки боиси сарфаи намӣ ва баробар тақсимшавии боришот мешавад, барои зиёд шудани ҳосилнокии зағир аҳамияти калон дорад. Агар дар ин давра намӣ кофӣ набошад, киштзор сирак, пояи рпстаниҳо кўтоху камшох шуда, растаниҳо пеш аз мўҳлат гул карда, камғўза (коробочек) мешаванд ва дар натиҷа ҳосилнокӣ кам мегардад.
Дараҷаи транспирасионии зағири равғандор вобаста ба навъ, мўҳлати кишт, агротехника ва шароити хокию иқлимӣ 450-600 аст.
Барои парвариши зағир хокҳои ковок, ҳавогузар ва ба қадри кофӣ ҳосилхезе, ки муҳити маҳлулашон рН 6-6,5 аст, хокҳои беҳтарин ба шумор мераванд. Хокҳои хокистаррангу дорчинранг барои парвариши он хеле мусоиданд. Зағир дар хокҳои сохташон сергил, сабуки серрег, сершағал, турш ва обҳои зеризаминиашон наздик бад месабзад.
Зағир ба моддахои ғизоӣ талаботи калон дорад. Талаботи он аз давраи пайдоиши майсаҳо то давраи пайдоиши шохачаҳо (елочка) ба фосфор, дар давраи шохабарорӣ ба нитроген ва аз давраи ғунчабандӣ то охири иашъунамо ба калий зиёд аст.
Зағир растании дарозрўз буда, худ гардолудшаванда ва баъзан дар солҳои хушку гарм (дар давраи гулкунӣ, аз якдигар гардолудшаванда аст. Давраи гулкунии зағир дарозмуддат буда, дар як хел навъҳо 25-30 рўз давом мекунад. Гардгиракаш 3-4 рўз ва худи гард то 2-рўз қобилияти ҳаётии худро нигоҳ медорад. Қобилияти ҳаётбинии онҳо ба ҳарорат ва намнокии ҳаво вобаста аст. Бинобар ҳамин киштҳои барвақтии дар мўҳлатҳои мўътадил гузаронидашуда барои нигох доштани қобилияти ҳаётии узвҳои наринаю модинаи он шароити мусоид фароҳам меоранд.

пешина
аз 314
навбатӣ