Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Равғани зағир -хушкшаванда (адади йодиаш аз 130 бештар аст) мебошад. Бинобар ин вай барои саноати лаку ранг ашёи пурбаҳо аст.
Барои зиёд кардани истеҳсоли равғани озуқаворӣ ва инкишоф додани саноати лаку ранг дар ҷумҳурӣ лозим аст, ки масоҳати майдонҳои кишти зағирро аз ҳисоби заминҳои лалмии аз боришот таъмин васеъ намуда, тавассути мукаммалгардонии усулҳои агротехникӣ ва татбиқи навъҳои нави серҳосил маҳсулнокии онро баланд бардорем._ ҲОСИЛНОКӢ. Дар солҳои мусоид (аз рўи боришот) дар сурати риояи агротехникаи парвариш пешқадамони истеҳсолот аз дар гектар то 8-9 с ҳосил мегиранд. Ҳосили миёнаи зағир дар ҷумҳурӣ 4-4,5 с/га аст. Дар соли 1991 аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 4,2 с ва дар соли 2005 4,7 с/га ҳосили дон гирифта шуда буд. Ҳосили баланди (7-8 с/га) зағир дар заминҳой лалмии хоҷагиҳои ноҳияи Данғара гирифта мешавад. Дар китъаҳои навъсанҷии ноҳияи Темурмалик ҳосилнокии мнёнаи зағир то ба 10,9 с/га мерасад.
Дар Англия дар тўли се сол (1987-1989) ҳосилнокии зағир аз 13,7 то 17,9 с/га афзудааст. Дар Пжўҳишгоҳи махсуси ин мамлакат усули 30 с/га ҳосили дони зағир гирифтанро омўхта истодаанд. Ин аз ҳосилнокии пурқудрати зағири равғандор шаҳодат медиҳад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Дар давраи аввали нашъунамои зағир сабзиши шадиди решаҳо нисбат ба кисмҳои рўи заминии растанӣ мушоҳида карда мешавад.
Зағири равғандор нисбатан ба гармӣ (махсусан дар давраи пухта расидани тухмӣ) эҳтиёҷ дорад. Тухмии зағир дар он ҳангом неш мезанад, ки ҳарорати зери хок 5-6°С гарм бошад. Дар чунин ҳарорат майсаҳо баъди 8-10 рўзи коштан намоён мешаванд. Майсаҳои зағир ҳарорати сармои баҳории -4-5°С-ро ба осонӣ аз cap мегузаронанд. Барои зағир дар давраи нашъунамо ҳарорати беҳтарин дар ҳудуди 18-22°С аст. Ҳарорати баланд ва ҳавои гарму хушк ба шохаронӣ ва пастшавии пояҳои он мусоидат мекунанд. Баъди ду ҳафтаи пайдошавии майсаҳо сабзиши шадиди зағир мушоҳида карда мешавад.

пешина
аз 314
навбатӣ