Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар мавзеъҳои куҳӣ ба таври худрўй аз намудҳои яксолаи қатраборон-қатраборони сурх ва аз намудҳои бисёрсола-қатраборони шуғнонӣ месабзад. \ ХУСУСИЯТИ БИОЛОГӢ. Силсилаи решагиаш-тиррешаи пурқуввати нағз инкишофёфта буда, то 3-4 м ва баъзан то 8-10 м дарозӣ дорад. Ин имконият медиҳад, ки вай аз қабатҳои чуқури хок моддаҳои ғизоӣ ва намиро ҷаббида гирад.
Қатраборон нисбати юнучқа ба омилҳои сабзишу инкишофёб: хок, моддаҳои ғизоӣ ва об камталаб аст. Онро дар Тоҷикистон дар хокҳои гуногун: хокистарӣ, регӣ ҳатто дар шағалхокҳо парвариш кардан мумкин аст. Парвариши он дар хокҳои муҳиташон турш ва оби зеризаминиашон рўякбуда тавсия намешавад.
Тухмии қатраборон ҳангоми 4-5°С будани чуқурии зери хоккунии тухмӣ неш зада, майсаҳояш ба хунукии -6-7°С тоб меовараду хунукии- 20-25°С-ро аз cap мегузаронанд ва растании рўшноидўсти дарозрўз буда, аз ҳамдигар гардолуд мешаванд. Козффисенти обталабиаш 400-500 аст.
Барои 1 тонна беда додан, он аз хок 6-7 кг фосфор ва 16- 18 кг калийро меҷаббад.
Сабзиши қатраборон дар аввали баҳор нисбат ба юнучқа тезтар cap мешавад. Давраи нашъунамояш аз сабзиш то гулкунӣ 58-65 ва то пухта расидан 103-115 рўз аст.
Сабзиши фаъолаш тирамоҳ ҳангоми 4-5°С будани ҳарорат қатъ мегардад.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъи «Иссиккулӣ» ноҳиябандӣ карда шудааст. Дар пойгоҳи таҷрибавии Пажўҳишгоҳи зироатчигии Қирғизистон бо роҳи дурудароз гардолудкунии озоди навъҳои қатроборони Регӣ ва Сасиани маҳаллӣ рўёнида шудааст. Муаллифонаш Зонштейн Л.Я., Дулский Г.Г., Бондаренко П.Д. мебешанд. Дар соли 1971 барои парвариш cap заминҳои лалмии минтақахои Рашт, Кўлоб, вилояти Суғд ва инчунин Қирғизистон ноҳиябандӣ гаштааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо