Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Қатраборон дар шароити Тоҷикистон зироати нави умедбахши хўроки чорво ба шумор меравад. Ба туфайли силсилаи решагии пурқувваташ дар нишебиҳои минтақаҳои наздикуҳӣ ва кўҳӣ воситаи пешгиркунандаи хуби шусташавии хок (эрозия) мебошад. Онро ҳамчун растании чарогоҳӣ низ истифода бурдан мумкин аст.
Мувофиқи маълумотҳои А.Г.Спиркин қатраборонро дар Тоҷикистон (ҳатто дар минтақаҳои субалпӣ) дар баландии 2800-3000 м аз сатҳи баҳр парвариш кардан мумкин аст.
Қатраборон аз ҳар як гектар замин 250-300 с. баргу пояи сабз ва то 60 с. беда медиҳад.
Аз рўи маълумотҳои пойгоҳи таҷрибавии минтақавии ноҳияи Файзобод дар соли дуюм навъи Кубании он 300 с/га баргу пояи сабз додааст, ки нисбат ба ҳосили юнучқа хеле зиёд аст. Аз ҳар як гектар замини лалмӣ
15 с/га тухмӣ гирифта шудааст, ки нишондиҳандаи хуб мебошад.
Дар таҷрибаҳои А.Хоҷиев, ки дар шароити ноҳияи Шаҳристон гузаронидааст аз киштҳои рўпўшии (покровный) қатраборон бо ҷав, дар соли якўм 13-15 с/га дон ва 20- 30 с/га хошоки ҷав гирифта шудааст. Дар соли дуюм аз ҳар як гектар 160-200 с баргу пояи сабз гирифтаанд. Дар Тоҷикистон асосан намуди қатраборони муқаррарӣ бештар паҳн шудааст. Ин намуд аз рўи ҳосил, ба хунукӣ ва хушкӣ тобовар буданаш, тезпазиаш аз дигар растаниҳо фарқ мекунад. Қатраборони муқаррарӣ ба намуди тирамоҳӣ мансуб аст. Онро дар Украина, кишвари Краснодар, Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла дар Тоҷикистон низ парвариш мекунанд.
Бо роҳи дурагакунии байнинамудӣ (қатраборони қафқозӣ бо регӣ) дурагаҳое рўёнида шудаанд, ки бо ҳосилкокии баландашон фарқ мекунанд.
Дар Тоҷикистон 12 намуди қатраборони худрўй (даштӣ) вомехўранд, ки ба намудхои бисёрсола тааллуқ доранд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо