Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ҷамъкунию тагурўйкунӣ ба воситаи мошинаҳои хаскаши паҳлўӣ-ГБУ-6 ё хаскашии чархпанҷадори ГВК-6 гузаронида мешавад. Барои исканча карда той бастан аз мошини исканчағундораки ППВ-1,6 ё ПСБ-1,6 истифода мебаранд.
Пояҳои беда аз майдон ба воситаи мошинаи тойғундору ҷобаҷокунанда ГУТ-2,5 дар сарчинҳо чамъ оварда мешаванд.
Ҷобаҷогузории тойҳои беда дар ғарамҳо тавассути мошинаҳои ба ғарампартояндаи СШР-0,5, СПУ-0,5 ё тасмаи даврзанандаи интиқоли бор (транспортерҳо) гузаронида мешавад.
Усули нави ғунучини ҳосил имконият медиҳад, ки ҳиссаи пурқиммати хўрока пурра нигоҳ дошта шуда,ғизонокии он баланд бардошта шавад.
ХУСУСИЯТҲОИ ПАРВАРИШИ ЮНУЧҚАИ ТУХМӢ. Азхудкунии киштгардонҳои пахтаю юнучқа минбаъд зиёд кардани истеҳсоли тухмии ин зироатро барои васеъ кардан майдонҳои он талаб мекунад.
Тухмипарварии юнучқа дар асоси истеҳсолоти саноатӣ дар минтақаҳое, ки шароити мўътадили хокию-иқлимӣ доранд ва ба талаботи киштҳои тухмӣ ҷавоб медиҳанд, ташкил карда мешавад. Дар давоми гулкунӣ ва мевапайдошавӣ ҳарорати аз 20-25°С зиёд ҳосили тухмиро кам мекунад. Дар Тоҷикистон хоҷагиҳои «Кангурт» ва «Муъминобод-1»
хоҷа-гиҳои калонтарини тухмипарварии юнучқаанд.
Тухмии юнучқа дар китъаҳои махсуси тухмипарварӣ- парвариш карда мешавад. Бо ин мақсад аз юнучқазорҳое, ки ба касалиҳои гуногун гирифтор нашудаанду аз ҳашаротҳои зараррасони зироатҳои хоҷагии кишлоқ ва алафҳои бегона тозаанд, истифода мебаранд. Дар юнучқазорҳои зич миқдори узвҳои репродуктивӣ кам шуда, растаниҳо мехобанд, ҷараё-ни фотосинтез вайрон гашта, сифати ҳосили он паст мешавад. Дар заминҳои лалмие, ки ҳосилнокии тухмӣ ба намӣ вобаста аст, барои тухмӣ дарави якуми юнучқазори солҳои 2 ва 3, инчунин он қитъаҳое, ки аз намӣ таъминанд, дарави дуюм истифода бурда мешавад.
Дар заминҳои обӣ барои тухмӣ дарави дуюми юнучқаи соли дуюм мононда мешавад. Чунки дар дарави якўм аксаран вақт юнучқа ба касалиҳо гирифтор шуда, аз ҳашаротҳои зараррасони хоҷагии қишлоқ зарар мебинад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо