Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар мубориза бар зидди ҳашаротҳо ва касалиҳои гуногуни юнучқа чархмолакунии аввали баҳор ва тирамоҳ бағоят аҳамияти калон дорад.
Ҳангоми мубориза бар зидди касалиҳои юнучқа (зангзанӣ, вилт, арда, антракноз доғзании хокистарранг ва ғайраҳо) чорабиниҳои пешгирикунанда (профилактика), киштгардони илман асоснок ва истифодаи навъҳои ба касалиҳо тобовар хеле муфиданд. Заҳролудкунии тухмиҳо низ яке аз чорабиниҳои зарурии пешгирикунандаи касалиҳост. Ба муқобили касалиҳо заҳрдоруи ИСО (0,5-1 фоиз) ва сулфур истифода бурда мешавад.
ҒУНУЧИНИ ҲОСИЛ. Дар ҳолати риоя накардани усули ғунучини ҳосили юнучқа 30 фоиз ҳиссаи пурқиммати хўрока-баргу гулҳо нобуд ва боиси дуруштшавии онҳо мешавад.
Ба ғунучини хўрокаи сабз, тарбеда ва беда ҳангоми гулкунӣ (ҳамон вақте, ки 10-15 фоиз растаниҳо гул мекунанд), cap мекунанд. Даравидани юнучқа барои пайдошавии ҳосили зиёди даравҳои пасоянда шароити мусоид фароҳам меоварад. Дер даравидани ҳосил миқдори сафедаю равғанро кам карда, ба пастшавии сифати хўрокаҳо сабаб мешавад.
Баргу пояи даравидашуда то пажмурдашавӣ якчанд соат дар ҷои даравидааш нигоҳ, дошта мешавад. Баъд онҳоро ба воситаи хаскашакҳо қатор-қатор ҷамъ карда, як шабонарўз мехушконанд. Пас аз ин қаторҳои хушконидашударо дар ғарамҳои хурд (то 1 сентнерӣ) ҷамъ карда, дар ин ҳолат боз 1-2 шабонарўз хушконида, баъд дар ҷои муайянгашта ғарам (скирт) мекунанд.
Беҳтар мебуд, ки юнучқаро дар ноҳияҳои водигӣ моҳҳои июл-август якбора бо мошинҳои алафдарави ғарамкунанда (валковый) дараванд.
Ҳосили юнучқа бояд дар 4-5 рўз ғундошта шавад. Намии беҳтарини беда бояд дар ҳудуди 18-20 фоиз бошад.
Усули нави тезтайёркунии беда кор карда шудааст, ки дар асоси он ҳосилро аввал медараванд, сипас мачақ ва тагу рў карда, баъди ҷамъ намудан онро исканча (пресс) менамоянд. Юнучқа бо мошинаҳои алафдарави овезаи тамғаи КЗН-2,1, КС-2,1 ё КАС-2,1 муштарак бо мошинаи мачақкунандаи ПТП-20 даравида мешавад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо