Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Бевосита пеш аз кишт майдонҳоро дар чуқурии 6-8 см дар якҷоягӣ (дар агрегат) бо сихмолаю мола нарм мекунанд.
НУРИҲО. Барои он ки 1 т бехмеваи лаблабу рўёнида шавад, он аз хок 5-6 кг нитроген, 1,5-2 кг фосфор ва 50-60 кг калийро ҷаббида мегирад.
Нуриҳоро ба роҳи ҳисобӣ барои гирифтани ҳосили тарҳрезишуда истифода мебаранд.
Пажўҳишгоҳи умумироссиягии лаблабу барои гирифтани 35-40 т/га ҳосили бехмеваҳо меъёрҳои зерини нурипоширо тавсия мекунад: N180, Р170, К110. Истифодаи 20- 30 т/га пору ва инчунин микронуриҳо самаранок аст.
Дар Тоҷикистон ба замин пеш аз шудгор ба ҳисоби миёна 20-30 т/га пору, 50-60 кг/га фосфор ва миқдори зарурии калийро мепошанд. Пеш аз коркарди пешазкиштӣ (култивасия) 4-5 с/га поруи парранда, 3-4 с/га хокистар пошида мешавад. Дар давраи нашъунамо ҳангоми ғизодиҳӣ 20-25 г/га фосфор, 35-40 кг/га нитроген андохта мешавад. Нуриҳоро ба воситаи нармкунаки растаниғизодиҳанда дар чуқурии 10-12 см таги хок мекунанд. Меъёри нуриҳо ба хусусиятҳои минтақа, ҳосилхезии хок, зироати пешинакишт, навъ ва ҳосили тарҳрезишуда мутобиқ кунонда мешавад.
Дар хоҷагии ба номи «Ф.Саидов»-и ноҳияи Бохтар ба ҳар як гектар замини обӣ 170 кг нитроген ва 80 кг/га фосфор андохта, 450-500 сентнерӣ ҳосил мегиранд.
Ба заминҳои лалмӣ ғизои иловагӣ намедиҳанд ва нуриҳои минералиро танҳо дар вақти коркарди асосӣ (шудгор) ва каме дар вақти коркарди пешазкишт мепошанд.
КИШТ. Тавсия мешавад, ки кишти лаблабу бо тухмиҳои ба талаботи стандарти давлатӣ (ГОСТ) ҷавобдиҳанда гузаронида шавад. Пеш аз кишт тухмӣ ба воситаи суспензияи ТМТД аз ҳисобӣ 4-6 кг/т тухмӣ ва 16 л об заҳролуд карда мешавад. Ба муқобили решахўраки майсаҳо (фомоз, мағорзанӣ) тавсия мешавад, ки тухмиҳоро 1-2 шабонарўз тар карда, баъд то ба ҳолати пошхўрӣ расонидан, хушконанд. Ба кишти баҳорӣ вақте шурўъ мекунанд, ки чуқурии 6-7 см хок 6-7° гарм шавад.

пешина
аз 314
навбатӣ