Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Лаблабуи қанд растании дусолаи давраи баҳорониаш дароз буда, баҳорон ба он ҳарорати паст лозим аст. Дар соли якум вай бандинаи баргҳо ва решаи ғафси серқанд пайдо мекунад. Дар ҳолати гузаронидани кишти барвақтӣ ва паст будани ҳарорат дар соли якум растаниҳо гул карда, бехмеваҳо аз рўи ҳаҷм хурд ва миқдори қандашон кам мешавад.
Ин ҳодисаро «наракшавӣ» меноманд, ки ба мақсади истеҳсолӣ номувофиқ аст. Растаниҳои дар соли якўм гулкардаро аз киштзорҳо канда мепартоянд. Дар истеҳсолот кишти навъҳои ба каракшавӣ тобоварро ҷорӣ мекунанд. Ҳангоми дар ҳарорати 3-40C ва аз ин ҳам зиёдтар нигоҳ доштани бехмеваҳо ҷараёни баҳоронӣ дар онҳо пурра намегузарад. Дар соли дуюм аз чунин бехмеваҳои шинонидашуда пояҳои гулкунӣ ва меваҳо пайдо намешавад. Ин ҳодисаро дар илми растанипарварӣ «якравӣ» меноманд. Соли дуюм ҳангоми мавҷуд будани шароитҳои муносиб дар бех-мезаҳои шинондашуда пояҳои гулкунӣ ва меваҳо пайдо мешаванд. Давраи пурраи нашъунамои лаблабу соли якум 150-170 рўз, соли дуюм 100-125 рўз давом мекунад.
УСУЛИ ПАРВАРИШ. Лаблабуи қанд ба зироатҳои пешинакишт талаботи баланд дорад. Онро дар хокҳои ҳосилхези аз алафҳои бегона тозакардашуда мекоранд. Барои кишти лаблабу шудгори рўгардон ва берўгардони қабати хоки заминҳои юнучқазор, лубиёдонагӣ, картошка, ғалладонагии тирамоҳӣ ва ғайраи пешинакиштӣ беҳтар аст. Дар лаблабузор такроран коштани лаблабу манъ аст. Ин гуна кишт ҳарчанд боиси афзоиши гамбусаки бинидарози лаблабухўр ва нематодҳо бошад ҳам, дар хоҷагии «Москва»-и ноҳияи Ҷиликўл агротехникаи парвариши ин зироатро ба таври қатъӣ риоя карда, аз як майдон дар тўли якчанд сол пай ба пай лаблабуи хўроки чорво мегиранд.
КОРКАРДИ ХОК. Коркарди асосӣ ва пешазкиштии хок барои лаблабу ба монанди дигар зироатҳои байни қаторашон нармшаванда мёбошад. Лаблабу ба чуқурии қабати шудгор эҳтиёҷ дорад. Аз ин рў барои кишти баҳории он шудгори тирамоҳӣ дар чуқурии 30-46 см гузаронида мешавад. Баҳорон заминҳои шудгоршуда ба воситаи чархмолак ё нармкунакҳо (дар қитъаҳои алафи бегонадошта), якҷоя бо сихмолаҳо нарм карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё