Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои сабзиш ва бештар ғуншавии қанд дар бехмеваҳои лаблабу ҳарорати 20-25°С муносибтарин аст. Дар моҳҳои август-сентябр қанд ба таври шадид ғун мешавад.
Майсаҳояш ба хунукиҳои баҳорӣ (то -4-5 дараҷа) нағз тоб меоваранд.
Баргҳои болиғаш дар хунукиҳои тирамоҳ (-5-6 дараҷа) зарар мебинанд.
Ҷамъи ҳарорати самарабахши зарурии шабонарўзиаш дар давраи нашъунамо вобаста ба мўҳлатҳои кишт, навъ ва агротехникаи парвариш 2000- 3500° мебошад.
Шароити табии Тоҷикистон барои парвариши лаблабуи қанд мусоид аст. Таҷрибаи истеҳсоли дар шароити минтақаи Вахш (хоҷагии ба номи Ф.Саидов), ҳатто имконияти дар тирамоҳу зимистон ҳам парваридани лаблабуи қандро нишон дод.Ҳангоми дар заминҳои обӣ коштаки лаблабу (дар моҳи июл) имконият дод, ки моҳи декабр вазни бехмеваҳо ба 400- 500 гр. расад ва говҳои ҷўшоӣ дар зимистон аз хўроки тару тозаи ширҳосилкуканда таъмин бошанд.
Дар шароити гарми иқлими хушки Осиёи Миёна лаблабуи қанд ба намӣ серталаб аст ва дар заминҳои обӣ нисбатан ҳосили баланд медиҳад.
Барои варам кардани тухмӣ нисбат ба вазнаш 170% обро талаб мекунад.
Вобаста ба шароити хоку иқлим ва агротехникаи парвариш коэффесиенти транспиратсионии он ба ҳадди 240-400 мерасад. Вобаста ба шароити парвариш лаблабуи қанд барои пайдо шудани 1 т бехмевааш аз 70 то 160 м3 га обро сарф мекунад. Намии зарурии хок бояд дар ҳудуди 75-80% ва НК бошад.
Лаблабуи қанд моҳҳои июл ва август, вақте ки ба таври шадид месабзад, бештар ба об майл дорад. Обёрии он дар ин давра хусусан барои тезонидани сабзиш ва қандғункунӣ хеле муким аст. Лаблабуи қанд ба оби зеризаминии рўяк (аз 1,5-2 м боло набошад) тоб меоварад.
Лаблабуи қанд гарчанд обро бисёр талаб намояд кам, назар ба лаблабуи хўроки чорво ва дигар бехмеваҳо ба хушкӣ тобовар аст. Онро дар заминҳои лалмии сербориши Тоҷикистон, ки дар як сол 500-600 мм ва аз он кам зиёд боришот мешавад, коштан мумкин аст. Инро маълумотҳоиi чандинсолаи Пажўҳишгоҳи зироаткории Тоҷикистон (собиқ, стансияи селексионии Давлатии Тоҷикистон) ва таҷрибаҳои истеҳсолии хоҷагиҳои пешқадами ноҳияҳои миёнакўҳи ҷумҳурӣ, ки аз ҳар як гектар то 150-200 с/га ва аз ин ҳам зиёд ҳосил мерўёнанд, тасдиқ мекунад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё