Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Талаботи истеҳсолот тибқи навъҳои серҳосили қанднокиашон зиёд, тезпазак ба касалиҳо ва наракӣ шудан устувории лаблабуи қандро талаб мекунанд.
Тухмипарварони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ зиёда аз 40 навъ ва дурагаҳои лаблабуи қандро офаридаанд. Ба навъҳои беҳтарин инҳо мансубанд: Романовӣ 06, Қирғизӣ 0,58, аз яктухмиҳо: Романовии яктухма 32, Белосеркови 34, Қирғизии яктухма 26. Дар асоси истифодаи гардҳои безурёт (стерилный) дурагаҳо (яктухмаи Юбилей) рўёнда шудааст. Қариб дар масоҳати 70-75%-и майдонҳои ноҳияҳои лаблабупарвар навъҳои якнешаи лаблабуи қанд кошта мешавад.
Солҳои пеш дар Тоҷикистон барои хўроки чорво навъҳои яктухмаи лаблабуи қанд (Қиргизӣ 0,58) ҳамчун навъҳои ба шароити Осиёи Миёна мутобиқшуда, парвариш карда мешуд. Дар ҳама ноҳияҳо барои хўроки чорво навъҳои хўрокии лаблабу ноҳиябандӣ карда шудаанд.
ЭККЕНДОРИИ ЗАРД. Ин навъро дар Олмон рўёнидаанд. Дар Тоҷикистон соли 1967 барои парвариш дар заминҳои обӣ ноҳиябандӣ карда шудааст. Навъи миёнаю дерпаз буда, давраи пурраи нашъунамояш 152 рўз аст. Бехмеваҳояш ҳамвор, халтамонанд, силиндрӣ ва кунднўг мебошанд. Дар хок 1/4 ҳиссаи бёхмевааш ҷойгир шуда, бо осонӣ аз замин канда мешавад. Ранги бехмевааш зарди лимуӣ ва сараки он хокистарранг аст. Мағзаш сафеду сершира мебошад. Хусусиятҳои хўрокӣ ва нигоҳдориаш (лежкост) хуб аст. Навъи серҳосил буда ба касалиҳо, зарари ҳашарот кам гирифтор шуда наракишавиаш кам аст. Дар бехмеваҳояш 94% моддаи хушк, 5%-қанд ва 1,3-сафедаи хом дорад. Парвариши навъ-ҳои якнешаи серҳосили лаблабуи қанд, ки ба кам кардани меъёри тухмӣ ва сарфаи меҳнати дастӣ имконият медиҳанд, умедбахшанд.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Лаблабуи қанд зироати ихчами иқлими гарми мўътадил буда, дар баҳору тирамоҳ нисбатан растании ба сармо тобовар аст. Тухми он дар ҳарорати 3-4°С неш мезанад. Майсаҳои қобили ҳаёташ дар ҳарорати 6-7°С баъди 15-18 рўз ва ҳангоми 10-12°С будани ҳарорат баъди 10-12 рўз пайдо мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё