Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Пас аз кўфтан тухмиҳо аз омехтаҳо тоза, ба навъҳо ҷудо ва хушконида мешаванд. Нами онҳо пеш аз ба анборҳо бурдан на бояд аз 14-15% зиёд бошад. Дар қитъаҳои хурд лубиё ба таври дастӣ ғунучин мешавад. Дар ин ҳолат тамоми растанӣ ва ё ғилофакҳоро чида мекўбанд.
КИШТҲОИ ОМЕХТАИ ЛУБИЁ, ҶУВОРИМАККА ВА ҶУВОРӢ.
Кишти омехтаи лЎбиё бо дигар зироатҳо, хусусан бо ҷуворимакка ва ҷуворӣ дар мамлакатҳои гуногун (махсусан дар шароити Осиёи Миёна) ба таври васеъ паҳн шудаанд.
Навъҳои буттагии лўбиё дар киштҳои омехта бо усули қаторӣ кошта мешаванд. Дар ин сурат қаторҳои лўбиё бо қаторҳои ҷуворимакка бо навбат кошта мешаванд.
Кишти омехтаи навъҳои печони лўбиё бо ҷуворимакка дар як лона (чуқурӣ) бо усули чоркунҷаи лонагӣ натиҷаҳои хуб медиҳад. Таҷрибаҳои кафедраи растанипарварии кишти омехтаи лўбиё ва ҷуворимакка нисбат ба кишти омехтаи лўбиё ва ҷуворимакка нисбат ба кишти тозаи ҷуворимакка 40-50 с/га зиёд маҳсули силосбоб диҳад.
Дар натиҷаи сарфи камтарини меҳнати дастӣ ва 30-40 кг/га тухмӣ, аз киштҳои омехта ба таври иловагӣ ба ҷуз ҳосили дони ҷуворимакка боз 8-
10 с/га дони лубиё ба даст овардан мумкин аст.
Мавзўъ: БОҚИЛО (2 соат)
Аҳамият ва хусусиятҳои биологӣ. Усулҳои парвариши боқило.
Боқило аҳамияти озуқаворӣ ва хўрокагии чорво дошта, дар таркиби донаш то 30-35% сафеда, 1- 1,5% равған ва 50-55% оҳар дорад. Онро ҳамчун маҳсулоти озуқавории серғизои пурқиммат истифода мебаранд.
Як килограмм дони боқило 1,3 воҳиди хўрока дорад. Пахоли майдакардашудаи он то 10% сафеда дошта, барои ҳайвоноти хоҷагии қишлоқ хўрокаи пурқиммат ба ҳисоб меравад. Баргу пояи боқило 3,6% сафеда; 0,7-0,8% равған, 18-21% моддаҳои бенитрогении экстрактивӣ дорад. Дар
1 кг баргу пояи сабзаш 0,6-0,7 воҳиди хўрок: ва 25 гр. сафеда мавҷуд аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё