Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ХУСУСИЯТҲОИ АГРОТЕХНИКӢ. Нахўд ба зироатҳои пешинакишт камталаб аст. Дар киштгардони заминҳои лалмӣ онро баъди зироатҳои тирамоҳии хўшадор ва байни қаторашон коркардшаванда мекоранд.
Нахўдро ҳамчун зироати бандкунандаи заминҳои дамдодашуда низ мекоранд. Вай барои зироатҳои баҳорию тирамоҳии ғалладонагӣ пешинакишти хуб аст. Барои гирифтани 1 с. дон ва микқори муттаносиби баргу пояи сабз нахўд аз хок 5 кг, нитроген, 2 кг фосфор ва 5 кг калийро мечаббад. Нахўд махсусан ба нуриҳои фосфор ва калийдор эҳтиёҷманд аст.
Пеш аз шудгори тирамоҳӣ дар заминҳои лалмӣ 40-50 кг/га фосфорро ба намуди суперфосфат мепошанд. Дар вақти кишт 20-30 кг/га нитрогенро дар қаторҳо барои таъмини талаботи растаниҳо ба ин моддаи ғизоӣ, то саршавии фурўбарии нитрогени биологӣ ба воситаи бактерияҳои лундашакл истифода мебаранд.
Дар истеҳсолот истифодаи суперфосфати ғуруша ҳангоми кишт дар қаторҳо низ ҷорӣ шудааст. Истифодаи нурии бактериалии нитрагин ҳосилнокии нахўдро 25-30%, миқдори сафеда ва аминакислотаҳоро ҳам хеле зиёд мекунад.
КОРКАРДИ ХОК. Барои беҳтар инкишоф ёфтани силсилаи решагии нахўди киштҳои баҳорӣ, тирамоҳ дар чуқурии 25-28 см шудгори саривақтии хушсифат мегузаронанд. Аввали баҳор бо мурури пайдоиши имконият ва расиши физикии хок майдонҳои шудгоршударо дар самти кунда-лангӣ сихмола мекунанд. Пеш аз кишт ба воситаи муштарак кардани олоти нармкунак ва сихмола (дар чуқурии 7-8 см) майдонҳо коркард мешаванд.
КИШТ. Барои кишти нахўд тухмиҳои баландсифату солим (кандисионӣ), беҳтараш дараҷаи якуме, ки тозагиашон аз 98% ва қобилияти пешзаниашон аз 95% паст нест, нстпфода мебаранд. Ба муқобили касалиҳои аокохитоз, фузариоз ва пўсиши хокистарранг тухмиҳоро бо заҳрдоруи ТМТД (3-4 кг/т тухмӣ) 25-30 рўз пеш аз кишт заҳролуд мекунанд. Пас аз кишт бо мақсади пайдошавии бактерияҳои лундашакл тухмиҳоро бо нитрогини нахўдӣ (0,2-0,3 кг барои меъёри тухмии 1 гектар) омехта мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё