Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
ЗИМИСТОНӢ». Дар Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Зироаткор» аз тарафи тухмипарвар Пирмаҳмадов К.В., бо усули дурагакунӣ рўёнда шудааст.
Соли 1975 барои кишти баҳорӣ дар вилояти Сурд ва минтақаи Рашт ноҳиябандӣ кунонида шудааст. Гуногуннамудии туркистонӣ-албестсенсӣ аст. Баландии қадаш то 60 см буда, гулҳояш сафед, ғилофакҳояш ромбшакл ва сермўяк мебошад. Тухмҳояш бурҷдор (шакли сари гўсфанд), рангаш сафедчаи гулобию чиндори хурд буда, вазни 1000 донааш 170 гр аст. Ҳосилнокии миёнааш дар киштҳои зимистонӣ дар қитъаи навъсанчии ноҳияи Совет 12 с/га буд.Навъи миёнапаз буда, давраи пурраи нашъунамояш дар шароити ноҳияи Темурмалик 85-95 рўзро ташкил медиҳад.
Ба касалии аскохитоз устувор буда, дар таркиби донаш 24,1 %-28,1 % сафеда дорад.
ХУСУСИЯТҲОИ БИОЛОГӢ. Нахўд нисбат ба мушунг ва наск зироати ба хушкию гармӣ тобовар ва гармидўст аст. Барои неш задани тухмӣ ва яксара баромадани майсаҳои нахўд ҳарорати 6-7°С кофӣ аст. Дар давраи гулкунӣ ва пайдоиши ғилофак ҳарорати 23-26°С мусоид аст.
Майсаҳояш ба сармо баҳорӣ (-5-6°С) тоб оварда, растаниҳои расидааш, сармои тирамоҳиро (-7-8°С) ба хубӣ аз cap мегузаронанд. Зироати кишти аввалибаҳорӣ буда, дар киштҳои зимистонии водиҳо зимистонро хуб мегузаронад. Ташаккулёбии узвҳои ҷинсияш ба давраи мусоиди боду ҳаво рост меояд. Ба туфайли силсилаи решагии нағз инкишофёфтааш ва намиро сарфакорона истифода бурданаш, нисбати мушунг хушкии ҳавою хокро хуб аз cap мегузаронад.
Сернамии хок, ҳавои пурборишу хунук ба инкишофи касалиҳои аскохитоз ва фузариоз мусоидат карда, пухтани ҳосилро қафо мепартоянд.
Вобаста ба навъ, шароити хокию-иқлимӣ дар киштҳои баҳорӣ давраи нашъунамояш 80-100 рўз аст. Нахўд ба хусусиятҳои хок камталаб буда, дар хокгилҳои сабуки аз алафҳои бегона тоза нағз месабзад. Нахўдро дар хокҳои шағалдор ва камшур низ парвариш кардан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё