Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Мавзўъ: МАРҶУМАК (2 соат)
Аҳамият, хусусиятҳои биологӣ ва навъҳо. Технологияи парвариши марҷумак.
Марҷумак зироати муҳими ярмагӣ мебошад. Ярмаи он аз рўи ғизонокию лаззаташ ва ҳазмшавандагиаш аз дигар зироатҳои ярмагӣ фарқ мекунад. Ярмаи марҷумак дар таркибаш миқдори зиёди сафедаҳои ҳазмшаванда (12,8%), витаминҳои В1, В2, Р 2-2,5% равған ва 58-60% МБЭ дорад. Маводи худи озуқавории парҳезист. Аз ярмаи марҷумак хўрокаҳои гуногун ва аз ордаш нон, кулчаҳои қандин тайёр мекунанд.
Коҳ ва коҳмайдаи онро ҳамчун хўрока дар чорводорӣ истифода мебаранд.
Марҷумак растании беҳтарини асалдиҳанда ва барои дигар зироатҳо пешинакишти хуб мебошад. Кўтоҳии давраи нашъунамояш имконият медиҳад, ки онро дар шароити заминҳои обӣ баъди ғунучини ҳосили зироатҳои ғаллагии тирамоҳӣ, ҳамчун зироати ангорӣ парвариш кунанд.
Осиёи Марказӣ ватани марҷумак ба шумор меравад. Масоҳати ҷаҳонии марҷумак 4 млн./га буда, асосан дар қитъаи Европа ҷойгир аст.
Федератсияи Россия аз рўи масоҳат кишт дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол менамояд. Дар Россия марҷумак дар вилоятҳои Башқирдистон, Тотористон, минтақаҳои Марказӣ, сиёҳхок ва ғайрисиёҳхок ба таври васеъ парвариш карда мешавад.
Дар Тоҷикистон танҳо солҳои охир ба парвариши марҷумак шурўъ намуданд. Дар як вақт як қатор унсурҳои технологияи парвариши он дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ мавриди омўзиш қарор дода шудааст. масалан, дар шароити ВМБК баъзе унсурҳои технологияи ин зироат аз тарафи Г.Раҳмихудоев омўхта шудаанд. Натиҷаҳои дигар тадқиқотҳои собит сохтанд, ки баъди ғунучини ҳосили зироатҳои ғаллагии тирамоҳӣ ва дигар зироатҳое, ки ҳосилашон барвақт ғундошта мешавад, дар киштҳои ангорӣ марҷумакро парвариш кардан имконпазир аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё