Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Тибқи маълумотҳои Х.Ҷабборов дар соли 2000 аз кишти марҷумаки ангорӣ дар шароити ноҳияи Рўдакӣ, Ваҳдат ва Ҳисор 2,5-7,2 с/га ҳосил рўёнида шудааст.
Вобаста ба навъ, шароити хокию иқлимӣ ва дараҷаи технологияи парвариш давраи нашъунамои марҷумак 65-100 рўз давом мекунад.
Меваҳои аввалини он баъди 30-35 рўз аз гулкунӣ пухта мерасанд. Баъзан баъди 8-10 рўз пас аз пайдоиши майсаҳо дар растаниҳои муғча пайдо мешавад. То давраи пайдоиши муғчаҳо марҷумак суст сабзида, сипас ин ҷараён то хокистарранг (бур) шудани меваҳо рушт гирифта, минбаъд ҷараёни сабзиш боз суст гардад ҳам, то охири давраи нашъунамо давом мекунад.
Дар давраи ба таври максималӣ зиёд гардидани анбўҳи баргу поя талаботи марҷумак бо моддаҳои ғизоӣ низ меафзояд.
Марҷумак аз хусусиятҳои хоси сохтори растании марҷумак гуногуннамудии гулҳост. Бордоршавии муқарарии гулҳо дар ҳолати афтидани гардҳои узви наринаи дароз ба узви модинаи дароз ва ё аз кўтоҳ ба кўтоҳ ба амал меояд. Бо сабаби дар баландиҳои гуногуни поя ҷойгиршавии узвҳои нарина ва модина бордоршавӣ бад мегузарад. Ин нишондод дар сурати ба амал омадани гардолудшавии чилики баъзан бордоршавӣ ҳамагӣ 10-12%-ро ташкил медиҳад. Ғўрабандии меваҳо дар сурати мавҷудияти занбурҳо дар вақти гардолудшавӣ як дараҷа беҳтар мешавад. Дар давраи гулкунӣ ҳарорати баланд, хушкӣ, боришот, ҳавои тира, шамол низ ба ғўрабандӣ таъсири манфӣ расонида дараҷаи ҳосилнокии марҷумакро паст мекунанд.
НАВЪҲО. Дар шароити Федератсияи Россия навъҳои Богатир, Болшевик, Шатилови, Скороспелая-18 ва дигар навъҳо ноҳиябандӣ карда шудаанд. Дар Тоҷикистон навъҳои ноҳиябандӣ кардашуда марҷумак мавҷуд аст. Дар истеҳсолот навъҳое, ки аз дигар мамлакатҳо оварда шудаанд, парвариш карда мешаванд.

пешина
аз 314
навбатӣ