Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Дар колеоптила ба касалӣ гирифтор шуда доғҳои равшани тухмшакл ё доғҳои гирди бур ва ё дар баргҳои шолӣ доғҳои андозаашон гуногун пайдо мешаванд. Дар пулакчаҳои хўшагӣ нуқтаҳои майдаи сиёҳранг намудор шуда, инкишофи растаниҳо суст гашта, ҳосилнокӣ паст мешавад. Барои пешгирӣ кардани паҳншавии касалиҳо бояд маҷмўи чорабиниҳои агротехникӣ саривақту хушсифат гузаронида шаванд. Шолӣ бо дигар зироатҳо бояд дар киштгардон парвариш карда шавад.
Барои кишт бояд тухмиҳои солими хушсифату безараркардашуда истифода шаванд. Ғайр аз ин истифодаи навъҳои ба касалӣ тобовар аҳамияти калон доранд.
ҒУНЧИНИ ҲОСИЛ. Ҳосили шолиро дар мўҳлатҳои кўтоҳтарин ғундоштан лозим аст. Дар сурати риоя накардани мўҳлатҳои ғунучини ҳосил талафоти он бисёр шуда, сифати молияш паст мегардад. Ғунучини ҳосили шолӣ дар давраи пурра пухта расидаии дони он дар қисми мяёнаи ҷорубаки пояи асосӣ cap карда мешавад. Дар ин давраи инкишоф 70- 80% дон пурра пухта мерасад. Ҳосили шолӣ асосан бо усули дарави якдаврагӣ бавоситаи комбайнҳои СКД-5Р, СКД-бР ва инчунин комбайнҳои ғалладарави СК-5, СК-6 ғундошта мешавад. Шолиро бо усули дарави дудаврагӣ низ даравидан мумкин аст. Барои даравидани шолӣ ва ғарам кардани он мошинаҳои шолидарави ЖРН-4, ЖРН-5 истифода бурда мешаванд. Баъд аз 3-4 рўзи хушк шудан шолиро ба воситаи комбайнҳои ғаллакўб аз дон ҷудо мекунанд. Донро тозаю хушк карда, намнокиашро ба 13-14% мерасонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё