Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Гузаронидани кишти саривақтии хушсифат ба гирифтани майсаҳои яклухту солим кафолат дода, боиси он мегардад, ки растаниҳо баробар инкишоф ёбанд ва ҳосили баланд гирифта шавад.
Кишти шолӣ вақте cap карда мешавад, ки дар чуқурии 5-6 см ҳарорати оби палҳои шолӣ ба 14-15°С баробар бошад. Дер cap кардани мўҳлати кишт инкишофи растанӣ ва пухта расидани ҳосилро қафо партояд. Чунки давраи гулкунии шолӣ, гардолудшавӣ ва пайдоиши дон ба давраи номусоиди боду ҳаво рост меояд.
Дар шароити ҷумҳурии мо вобаста ба хусусиятҳои минтақавӣ кишти шолӣ дар манотиқи Қурғонтеппа ва Кўлоб дар даҳаи дуюми апрел, дар вилояти Суғд ва гурўҳи ноҳияҳои водии Ҳисор дар даҳаи сеюми апрел cap карда мешавад ва то даҳаи якуми моҳи май давом мекунад.
Мўҳлатҳои кишти шолӣ дар ҳар як хоҷагӣ вобаста ба шароитҳои хокию-иқлимӣ ва хусусиятҳои навъ мутобиқ кунонида мешавад.
НИГОҲУБИНИ КИШТҲО. Нигоҳубини киштҳои шолӣ аз гузаронидани чорабиниҳои зерин: риояи дурусту катъии тартиби обмонӣ, мубориза бар зидди алафҳои бегона, хашаротҳо, касалиҳо ва ғизодиҳии киштҳо бо нуриҳои минералй иборат аст.
Ннзоми обмонӣ бо назардошти талаботи навъ, давраҳои инкишоф, паҳншавии алафҳои бегона муайян карда мешавад. Пас аз кишт палҳои шолӣ то баландии 6-8 см пуроб карда мешаванд. Баъди 3-4 рузи ба хок часпидани тухмиҳо обмонй катъ гардонида мешавад. Дар як вақт бо пайдошудани майсаҳои шолӣ майсаҳои алафҳои бегона низ пайдо мешавад, ки дар ин давра онҳо бояд дарҳол ба воситаи заҳрдоруҳо (гербисидҳо) нест карда шаванд. Баъд аз ин ба киштҳо ғизо дода мешавад. Пеш аз пошидани заҳрдоруҳо палҳо бояд аз об холи бошанд. Пас аз нест кардани алафҳои бегона боз ба палҳо об мемонанд. Дар дав-раи пайдо шудани 3,4 барги растаниҳо баландии оби палҳо то ба 15 см расонида мешавад. Дар давраи панҷазанӣ баландии қабати оби палҳоро то 5-
6 см паст карда, ғизо медиҳанд.

пешина
аз 314
навбатӣ