Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Ин имконият медиҳад, ки буғуми панҷазананда нисбатан чуқуртар ҷойгир шавад. Пас аз ин боз баландии қабати об то 15-20 см бардошта мешавад. Дар давраи найчабандӣ баландии қабати об то 25 см бардошта шуда, то охири давраи пурра пухтани дони шолӣ ин баландӣ нигоҳ дошта мешавад. Дар давраи пазиши ширию думбулй обмонй ба палҳо кам карда шуда, дар давраи аввали пазиши дунбулии шолӣ, он қатъ карда мешавад. Дар заминҳои шурхок баъди баромадани майсаҳои палҳои шолӣ доимо қабати обро то давраи панҷазанӣ дар баландии 10-12 см нигоҳ дошта, давраи панҷазанӣ қабати об то ба 5 см расонида мешавад ва ба растаниҳо ғизо дода, боз баландии қабати обро то 15 см боло мебардоранд. Дар заминҳои пуршур бо мақсади шустани намакҳои хок то давраи дунбулӣ доимо об cap медиҳанд. Дар шароити нигоҳдории намнокии хок на кам аз 80% гз НК имконият медиҳад, ки шолӣ бе усули ғўтонидан дар об парвариш ёбад.
Ҳангоми дар давраи нашъунамо 1000-1100 мм будани боришот бе обёрӣ парвариш кардани шолӣ мумкин аст. Дар шароити норасоии об парвариши шолӣ минбаъд бо усулҳои ғўтонидан дар об (шолии ба хушкӣ тобовар) аҳамияти калони амалӣ дорад. Дар муборизаи зидди алафҳои бегона ба ғайр аз усулҳои агротехникӣ, хишоваҳои кимиёвӣ, яъне истифодаи заҳрдоруҳо низ аҳамияти хуб доранд.
ЯЛАН: 72% э. к. ба муқобили алафҳои яксолаи ғаллагй то неш зада баромадан ва ё дар давраи 2—3 барг доштан аз рўи меъёри 5,8-8,3 л/га пошида мешавад.
САТУРН: 50% э. к. аз ҳисоби 8-10 л/га барои нест кардани алафҳои яксолаи ғаллагӣ то пайдо шудани майсаҳо ва ё дар давраи 1-2 барг доштан истифода бурда мешавад.
Пеш аз пошидани заҳрдоруҳо оби палҳоро сардода, баъд аз 2-3 шабонарўз боз пуроб мекунанд. Дар қитъаҳои шолии тухмӣ хишоваи навъӣ гузаронида, шолии сурхдон, ки ҷорубакаш пеш намудор мешавад, чун ифлоскунандаи шолӣ аз киштзор дур карда мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё