Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои пешгирии касалиҳои фузариоз ва пусиши реша тухмиҳо тавассути фундазол 50% х. ҳ. аз ҳисоби 2-3 кг/т безарар гардонида мешаванд.
Дар Ўзбекистан самараи калони тухмиҳои бо пестисидҳо коркардашуда ва бо пардаи муҳофизатӣ пушонидашуда исбот шудаасг. Шолӣ бо усули яклухти қаторӣ ва камбарҷўяк кошта мешавад. Барои гузаронидани кишт тухмипошакҳои СЗР-3,6; СЗУ-3,6 ва СРН-3,6 истифода бурда мешаванд. Дар минтақаҳои калони шолипарвар барои кишти шолӣ аз ҳавопаймо (авиатсия) низ истифода мебаранд. Ҳангоми бо ин усул гузаронидани кишт тухмиҳои хусусияти бодбарӣ дошта дар об намеғўтанд ва канори палҳо (назди хоктўдаҳо) ҷамъ мешаванд, ки. ин яке аз камбудии чунин усули кишт аст. Дар китъаҳои хурд кишти дастӣ дар обҳои лойқакардашуда низ истифода мешавад.
Тухми шолӣ ба зиёд чуқур таги хок кардан тоб намеорад. Ҳангоми кишт бо тухмипошакҳо онҳо дар чуқурии 1,5-2 см кишт карда мешаванд.
Қобилияти нешзании саҳроии тухмиҳо нисбат ба қобилияти нешзании лабараторияшон 25-30% кам аст. Аз ин ҷиҳат ин ҳолат бояд дар вақти муайян кардани меъёри киштии тухмиҳо ба назар гирифта шавад. Вобаста ба хусусияти навъҳо ва шароити хокию-иқлимӣ меъёри киштии тухмиҳо дар ҳудуди 5-7 млн. дон барои як гектар муайян карда шудааст.
Зиёд кардани он то 8-9 млн. дони ба нешзанӣ қобил, сабаби хобидани растаниҳо мегардад. Меъёри беҳтарини кишти тухмиҳо бояд имконият диҳад, ки дар як метри мураббаъ (квадратӣ) 200-250 растании солим ва 450-500 пояи маҳсулнок пайдо шавад.
Дар Тоҷикистон шолӣ аз рўи меъёри 5,6-6 млн. дони қобилияти нешзанидошта кошта мешавад. Дар киштҳои яклухти шолӣ меъёри он аз рўи вазн барои навъҳои майдадон 160-170 кг/га ва барои навъҳои калондон 180-200 кг/га муайян карда шудааст. Дар киштҳои камбарҷўяк меъёри тухмиҳо 8-10% зиёд карда мешавад.
Аз натиҷаи тадқиқотҳои дар кафедраи растанипарварии ДАТ (У.Маҳмадёров, Д.Эркинов) бар меояд, ки шолиро бо воситаи кўчат низ парвариш кардан мумкин аст. Дар шароити водии Ҳисор истифодаи кўчатҳо 30-рўза имконият дод, ки аз ҳар як гектар замини обӣ 60 с дони шолии ангорӣ гирифта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё