Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Аввали баҳор шудгор ду из сихмола карда мешавад. То коркардҳои баҳории пеш аз кишт сатҳи майдонҳо бо олоти ҳамворкунандаи тағмаи ПА-ЗА тахту ҳамвор карда мешаванд. Дар баробари расиши физикии хок (вобаста ба дараҷаи сахтии хок ва паҳншавии алафҳои бегона) бо воситаи нармкунак дар чуқурии 14-16 см бо сихмола ва мола заминҳоро нарм карда, баъд ба кишт шуруъ мекунанд. Бо мақсади кам кардани полоиши об дар хокҳои сабук рўи палҳоро бо қабати 5-6 см хокҳои лойқаи чўйҳо ё деворҳои кўҳна мепўшонанд.
Дар хоҷагии «Сурхоб» то шудгори юнучқазорҳо бо мақсади майда кардани боқимондаҳои решагӣ ва беҳтар хокпўшшавии онҳо чархмола гузаронида мешавад.
Дар китъаҳои навъсанҷии ноҳияи Турсунзода ҳангоми гузаронидани шудгори баҳории юнучқазорҳо (20-апрел) ҳосилнокии шолӣ нисбат ба шудгори тирамоҳии он (16-октябр) 7,9-18,7 с/га зиёд шудааст.
Дар Кубан пеш аз кишти майдонҳо бо мақсади кам кардани полоиши об ба воситаи тракторҳои пурқувват ва грейдерҳои роҳҳамворкунанда омезиши хок гузаронида мешавад. Дар хоҷагиҳои шолипарварии Кубан олотҳои (агрегатҳои) муштаракнамудаи ФКС-2 ва 3,6 барои коркарди пешазкиштии хок истифодаю санҷида шудаанд. Ин олотҳо метавонанд бо як ҳаракат то 5 амалиёт (нармкунии хок, ҳамворкунии хок, пошидани нуриҳо ва гербисидҳо, омезиши хок)-ро иҷро кунанд. Истифода бурдани чунин агрегатҳо ҳамчун воситаи захираи энергия ва муҳофизати хок ахамияти калон доранд.
ИСТИФОДАИ НУРИҲО. Шолӣ ба нуриҳо талаботи калон дорад.
Барон ҳосил шудани 1с дони шолӣ ва миқдори мутаносиби пояҳо он аз хок 2-2,4 кг нитроген; 1-1,2 фосфор, 2,5-3 кг калийро ҷаббида мегирад.
Нуриҳо паи ҳам бо назардошти зироатҳои пешкишта, миқдори моддаҳои ғИЗОИИ хок, хусусиятҳои навъӣ ва дараҷаи ҳосили тарҳрезишуда пошида мешаванд. Барои гирифтани 65-70 с/га дони шолӣ 160-180 кг/га (м. т.) нитроген; 80-90 кг/га (м.

пешина
аз 314
навбатӣ