Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
т.) фосфор истифода бурда мешавад. Вояҳои калони нитроген ба қобилияти ҳаётбахшии гардҳо таъсири манфӣ мерасонад. Дар қитъаи навъсанҷии ноҳияи Турсунзода ҳосили баланди шолӣ ҳангоми истифода бурдани меъёри N200Р200К100 гирифта шудааст. Ғайр аз нуриҳои минералӣ бо меъёри 25-30 т/га истифода шудани пору, саргини мурғ, хоки ҷўйҳо ва деворҳои кўҳна низ барои шолӣ муфид аст.
Барои муҳофизати муҳити атроф аз ифлосшавӣ ва бой гардонидани хокҳо аз моддаҳои органикӣ ва ба даст овардани ҳосили баланду маҳсулоти хушсифат истифодаи нуриҳои сабз (сидератҳо) аҳамияти калон доранд. Ба сифати зироатҳои нурии сабздиҳандаи лўбиёгӣ-шабдар (себаргаи форсӣ), берсим (себарга) ва омехтаҳои зироатҳои лўбиёгию ғаллагӣ истифода бурда мешаванд. Баргу пояи сабзи ин зироатҳоро тирамоҳ ё баҳор таги шудгор мекунанд. Аз рўи маълумотҳои Пажўишгоҳи шолии Ўзбекистон таъсири нуриҳои сабз метавонанд ҳосилнокиро то 27 с/га ё 35% зиёд кунанд.
Меъёри солонаи нуриҳои узвӣ (пору), фосфорӣ ва калийгӣ пеш аз шудгор пошида шуда, таги хок карда мешаванд. Нуриҳои нитрогенӣ асосан дар давраи нашъунамо дар ду ғизодиҳӣ пошида мешаванд. Дар хоҷагии «Сурхоб» пеш аз шудгор ба ҳар як гектар 60 кг (м. т.) фосфор ва пеш; аз нармкунии пешазкишти 20 кг (м. т.) нитрогени намуди аммиакӣ пошида мешавад. Аз рўи қоида ба шолӣ дар давраҳои инкишофи онпанҷазанӣ ва найчабандӣ ғизо медиҳанд. Дар ғизодиҳии якўм ба ҳар як гектар 60-70 кг нитроген ва қисми боқимондаи меъёрӣ солонаи онро дар давраи найча-бандӣ мепошанд. Пеш аз пошидани нуриҳо дар палҳо бояд баландии об аз 5-6 см зиёд набошад. Дар ҳолати зиёд будани баландии қабати об моддаҳои ғизоӣ бо обҳои полоишӣ шуста мешаванд. Пас аз нуриҳоро ҷаббидани хок палҳо боз пуроб карда мешаванд. Пеш аз ғизодиҳӣ алафҳои бегонаро нест мекунанд. Шоликорони пешқадам меъёрҳои калони нуриҳои минералиро истифода мебаранд. Дар хоҷагии «Ленинград»-и ноҳияи Панҷакент пеш аз шудгор ба ҳар як гектар 180- 200 т хоки деворҳои кўҳна ва лойқаи ҷўй ва то 30-40 т пору мепошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё