Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Истифодаи зироатҳои лўбиёгии донӣ дар чунин киштгардонҳо аз тарафи собиқ Академияи умуиттифоқии илмҳои кишоварзии ба номи В. И. Ленин низ тавсия шуда буд. Нақшаи гузаронидани киштгардонҳои маҷмўи зироатҳо дар асоси назардошти шароити хокию иқлимӣ, хусусияти паҳншавии алафҳои бегона муайян карда мешавад.
Барои шолӣ заминҳои қабат ба қабати чапакардашудаи юнучқа, зироатҳои лўбиёгии донӣ, гандуми тирамоҳӣ ва инчунин зироатҳои байни қаторашон коркардшаванда (ҷуворимакка, ҷуворӣ, зироатҳои сабзавотӣ) зироатҳои пешкиштии беҳтарин ба шумор мераванд.
Бо мақсади пахш кардани барангезандаи касалии вилт дар пахта, пас аз он дар баъзе мавридҳо шолӣ мекоранд. Дар хоҷагии «Сурхоб» имконияти пас аз гандуми тирамоҳӣ парвариш кардани шолӣ дар натиҷаи таҷрибаҳо исбот шудааст. Бо туфайли ин усул дар як сол аз заминҳои обӣ ду ҳосили дон гирифтан имконияти ҳақиқӣ пайдо кардааст.
КОРКАРДИ ХОК. Дар он майдонҳои киштгардоншудае, ки шолӣ мекоранд, палҳо мебуранд. Масоҳати палҳо аз хусусиятҳои хокию-иқлимӣ, релефи майдонҳо вобаста буда, ба 0,1-1,0 гектар баробаранд. Дар шароити Кубан масоҳати палҳо то 6-гектарро (200м х 300м) ташкил мекунанд. Бо ин мақсад сатҳи майдонҳо (палҳо) бо таври ҷиддӣ ҳамвор карда мешаванд. Фарқият дар ҳамворкунӣ на бояд аз 10 см зиёд бошад. Палҳои шолӣ аз якдигар бо дарозӣ ва кўндалангӣ бо хоктўдаҳое, ки (валики) барои нигоҳ доштани об заруранд, ҷудо карда мешаванд.
Шолӣ ба гузаронидани коркарди хушсифати хок талаботи калон дорад. Шудгори тирамоҳӣ дар ҷумҳурӣ моҳи октябр бо испорхои ПЯ-3-35, ПЯ-4-35, 5КР-35 тавассути якҷоякунӣ бо олоти бардорандаи қисмҳо (корпусҳо) дар чуқурии 25-28 см гузаронида мешавад. Ду ҳафта пеш аз шудгор барои нест кардани алафҳои бегона дар поязорҳо ба воситаи олотҳои мухашшаркунанда коркард мегузаронанд. Шудгори тирамоҳии (саривактӣ) хушсифат 3-4 с/га ва коркард бо испори пешпочадор ҳосили шолиро 1,5-2 с/га зиёд мекунад. Дар хоҷагии «Ленинград» ва ба номи К.
Маркси ноҳияи Панҷакент коркарди хок тирамоҳ пас аз ғунучини шолӣ дар чуқурии 20 см бо воситаи испорхои (плугҳои) бе олоти хокгардонкунандаи (безотвальный) пешпочадор гузаронида мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё