Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Сифатҳои технологии баланд дорад. Навъи дароздон буда, ба зернамуди ҳиндӣ мансуб аст. Шаффофии донаш 95-97% аст. Аз донаш 62-63% ярма мебарояд. Ин нишондод нисбати навъҳои кўтоҳдон кам аст. Пас аз дарав дар ғарамҳо донаш кам мешиканад. Аз рўи сифати донаш ба навъҳои пурқимат мансуб кунонида шудааст. Аз ҳашарот зарари ҷиддӣ надида, нисбати дигар навъҳои ноҳиябандишуда ба касалӣ кам гирифтор мешавад. Барои парвариш дар манотиқи Қўрғонтеппа минтақавӣ карда шудааст.
ҶОИ ШОЛӢ ДАР КИШТГАРДОНҲО. Шолиро дар як майдон ду-се сол паи ҳам парвариш кардан мумкин аст. Лекин пас аз ин амал хок хусусияти ботлоқӣ пайдо карда, равиши ҷараёнҳои биокимиёвӣ, фаъолияти ҳаётии микробҳои аэробӣ бад гашта, боиси ҷамъ шудани сулфид ва дигар моддаҳои заҳрнок мегардад. Дар ин гуна майдонҳо алафҳои бегона, касалӣ ва ҳашаротҳои махсус паҳн шуда, боиси пастшавии ҳосили хоку шолӣ мегардад. Аз ин рў, коштани шолӣ дар киштгардон бо дигар зироатҳое, ки ҳосилхезии хокро баланд карда, алафҳои бегонаро пахш мекунанд, зарур аст. Барои ноҳияҳои шоликори Тоҷикистон киштгардонҳои махсуси 6-7 майдона тавсия шудааст. Дар киштгардони 6 майдона, дар майдони якум юнучқа бо зироати ҳимоякунанда (покровная), майдони 2-юнучқа ва дар майдонҳои 3, 4, 5 ва 6 шолӣ кошта мешавад. Дар киштгардони 7-майдона: дар майдондои 1 ва 2 юнучқа, 3-4 шоли, 5-зироатҳои замини дамдодашударо бандкунан-да (ҷуворимакка, зироатҳои сабзавотӣ ва лўбиёгиҳо), 6-7 шолӣ кошта мешавад. Дар шароити ноҳияи Панҷакент киштгардони 5-майдона қабул шудааст (1, 2- юнучқа, 3, 4, 5 шолӣ). Дар хоҷагии «Сурхоб»-и ноҳияи Фархор киштгардони 10-майдона татбиқ шудааст. Дар майдонҳои 1, 2, 3 юнучқа, 4, 5, 6- шолӣ, 7-омехтаи лўбиёҳои донӣ бо ғаллагиҳо ва дар майдонҳои 8, 9, 10- шолӣ парвариш мекунанд. Дар киштгардонҳои шолии давлатҳои хориҷа аз коштани зироатҳои лўбиёгии донӣ, махсусан лўбиёи чинӣ ба таври васеъ истифода мебаранд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё