Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.
Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа
Барои парвариш дар ноҳияи Панҷакент ноҳиябандӣ кунонида шудааст. Давраи нашъунамояш 114-116 рўзро ташкил мекунад.
Ҳосили миёнааш дар қитъаи навъсанчии ноҳияи Панҷакент ба 67,7 с/га дон баробар шудааст. Сифати баланди ярмашавӣ дорад. Шаффофияш 89% ва баромади ярмааш ба 68-70% баробар аст.
«УзРОС 7-13». Маҳсули дасти олимони Пажўишгоҳи тадқиқотӣ илмии шолии Ўзбекистон аст. Дар соли 1954 ноҳиябандӣ кунонида шудааст. Вазни 1000 донаш 32 г аст. Парданокии дон 18-19%-ро ташкил медиҳад. Навъи дерпаз буда, давраи пурраи нашъунамояш 120-130 рўз мебошад. Донаш кампошхўр буда, ба хобидан нимустувор аст. Дар ҷумҳурии мо васеъ паҳн шудааст. Барои парвариш дар вилояти Суғд (ба ғайр аз ноҳияи Панҷакент), Хатлон ва ноҳияҳои водии Ҳисор ноҳиябандӣ шудааст.
«ҚАРОҚАЛПОҚИСТОН». Дар бахши Қароқалпокистонии Пажўишгоҳи шолии Ўзбекистон ба даст оварда шудааст. Хели намудаш вулгарис аст. Ҷорўбакаш сўкдор, зич ва каме фурўхамида аст. Донаш шаффоф буда, 16% пардапўш аст. Навъи тезпаз буда, давраи нашъунамояш 102-115 рўз мебошад. Он пастпоя ва ба хобидан устувор аст (5 балл). Дараҷаи пош хўрдани донаш миёна аст. Ҳосилнокияш дар ноҳияи Панҷакент солҳои санҷиш 71,5 с/га донро ташкил додааст. Ин нишондод аз ҳосилнокии навъи стандартии ВРОС 3716 5,2 с/га зиёд аст. Азбаски ин навъ колеоптилаи кўтоҳ дорад, ба нағз майда кардани хок, дар чуқурии амиқ таги хок кардани тухмӣ, риояи тартиби обмонӣ дар давраи кишту баромадани майсаҳо эҳтиёҷи калон дорад. Барои ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд ноҳиябандӣ шудааст.
«ЛАЗУРӢ». Дар Пажўишгоҳи шолии Ўзбекистон бароварда шудааст.
Хели намуди гиляника мебошад. Ҷорўбаки хамидасари сахт дорад. Донааш дароз буда, таносуби дарозии он ба васеъгиаш 4:1 мебошад. Вазни 1000 донааш 24-30 г буда, 20% парда дорад. Навъи дерпаз буда, давраи пурраи нашъунамояш 125-129 рўз аст. Чун навъи УзРОС 7-13 ба хобидан устувор (4-5 хол) буда, донааш пош намехўрад. Ба татбиқи усули шадид талаботи калон дошта, ҳосилнокияш дар вақти пас аз юнучка парвариш кардан 10-12 с/га зиёд мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё