Зеҳн
Растанипарварӣ

Растанипарварӣ соҳаи асосии кишоварзӣ, аҳамият ва вазифаи он.

Агенти Зеҳнӣ · 29 сентябри 2026 · 314 саҳифа

Кишоварзӣ
Аз аввал хондан

Давраи нашъунамояш вобаста ба шароити парвариш ва агротехникаи татбиқшуда барои навъҳои пешпазак 90-110, миёнапаз -115-120 ва дерпаз 125-140 рўзро ташкил мекунад. Давраи нашъунамои навъҳои дар Тоҷикистон ноҳиябандӣ кунонидашуда 110-130 рўз аст. Шолӣ аз рўи табиати экологии худ ба гурўҳи растаниҳои гигрофитӣ (обӣ) мансуб аст. Мўҳлати дуру дароз обғарқиро аз cap гузаронида метавонад. Дарачаи транспиратсиониаш ба 500-800 баробар аст. Дар Тоҷикистон шолӣ бо усули мудом ғарқи об кардан парвариш карда мешавад. Ин усул барои ба танзим даровардани ҳарорати палҳо (чек), баланд бардоштани намии нисбии ҳаво ва мубориза бурдан бар зидди алафҳои ашадии бегона зарур буда, дар шароити Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, зеро ҳарорати ҳаво дар моҳи июл-август аз 38-40°С зиёд мешавад. Имконияти парвариши шолӣ бо усули обмонии фосилавӣ дар шароити водии Ҳисор дар тадқиқотҳои Маҳмадёров У.М. (2006)исбот шудааст. Шолӣ дар шароити хокҳои гуногун парвариш карда мешавад. Онро дар хокҳои ботлоқшудаю обҳои зеризаминиашон наздик ҷойгир буда низ парвариш мекунад, ки ин хусусияти бебаҳои шолӣ аст. Инчунин, онро дар заминҳои шўрхок, ки дар таркибашон то 0,5% намакҳои зиёнбахш доранд, парвариш кардан мумкин аст. Он метавонад ҳатто дар ҳолати туршии хокҳо нумўъ кунад.
Барои шолӣ кам будани туршии муҳити маҳлули хок (рН-6,5) мусоид аст. Шолии обёришаванда дар хокҳои часпак нағз нашъунамо карда, барояш заминҳое, ки хокҳои вазнини гилнок ва дар таркибашон миқдори зарурии моддаҳои органикӣ дорад, мувофиқат мекунад.
НАВЪҲО. Дар Тоҷикистон навъҳои зерини шолӣ ноҳиябандӣ кунонида шудаанд: «ВРОС 3716»; «УзРОС-7-13»; «Лазурӣ», «Қароқалпоқистон». Дар истеҳсолот навъҳои аз дигар ҷумҳуриҳо овардашударо низ вохурдан мумкин аст. Ба монанди навъи Авангард.
«ВРОС 3716». Ин навъро дар истодгоҳӣ таҷрибавии молии Кубан рўёнида, соли 1995 ноҳиябандӣ кунонидаанд. Ба гунонгунамудии вулгарис (шолии дағал) мансуб мебошад. Вазни 1000 донааш 34,1 г буда, навъи миёнапаз аст.

пешина
аз 314
навбатӣ